Маркази барқу гармидиҳии №2 ба фаъолият оғоз кард

Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз кардааст.

Гуфта мешавад, ки ба наздикӣ Маркази барқу гармидиҳии №1 низ бо оби гарми қубурӣ таъмин мешавад.

Ба гуфтаи масъулини Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе,  10 рӯз аст, ки қисмати марказӣ ва шимолии пойтахт аллакай бо оби гарм таъмин мебошад.

 Ҳамзамон шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм муҳлати муайян зарур аст, то онҳо марҳила ба марҳила ба кор шуруъ намоянд.

«Марказҳои барқу гармидиҳии № 1 ва дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд»,-иброз намудааст сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Қиёмиддин  Сайфуллоев дар суҳбат бо «Ховар».

Гуфта мешавад, ки дар мавсими зимистони солҳои 2024-2025 таъмини 3200 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *