Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» ба кор оғоз кард

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон имрӯз, 8-уми декабр Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре аз дафтари матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, дар Маркази идоракунии ин иншоот бо пахши тугма ба фаъолияти навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 расман оғоз бахшиданд: “Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон ширкати ТВЕА-и Чин мебошад”.

Президент гуфт,  дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловатт – соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуда, дар натиҷа таъмини шабонарӯзии нерӯи барқ дар мамлакат нисбат ба соли гузашта 16 фоиз афзоиш меёбад: “Маркази мазкур метавонад қариб 60 фоизи талаботи шаҳри Душанберо ба нерӯи барқ қонеъ намояд. Ҳоло иқтидори Маркази барқу гармидиҳӣ бо дарназардошти навбати аввал ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион киловатт – соат нерӯи барқ ва 235 гигакалория гармӣ дар як шабонарӯз расонида шуд. Гармие, ки истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардонидани манзили сокинони шаҳри Душанбе, муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ ва дигар иншооти пойтахти мамлакат равона хоҳад гардид”.

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъмини сокинони пойтахт бо гармӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаву идораҳо ва аҳолии пойтахт хотиррасон кардааст, ки корҳои таъмиру барқарорсозии шабакаҳои буғ ва оби гарм ва пайвастани хонаҳои истиқоматиро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом дода, ба масъалаи истифодаи самараноку сарфакоронаи гармии истеҳсолшаванда ва нерӯи барқ эътибори аввалиндараҷа диҳанд: “Зеро дар баробари афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ шумораи корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ низ зиёд гардида, талабот ба нерӯи барқ торафт афзуда истодааст. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар баробари дигар чорабиниҳо барои нигоҳ доштани тавозун байни истеъмолу истеҳсол, воридот ва истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ ва сарфаи нерӯи барқ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёти кишвар ҳамаи чораҳо амалӣ карда шаванд”.

Манбаъ зикр кард, ки хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегават аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд ва он имрӯз аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *