Маркази букмекерии «Рахш»-ро ғорат карданд
Маркази букмекерии «Рахш» дар вилояти Суғд аз тарафи шахсони номаълум ғорат гардид.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи Спитамен бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст.
Гуфта мешавад, ки шаби 17-уми июни соли 2020, тахминан соати 1:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба бинои букмекерии «Рахш», воқеъ дар шаҳраки Навкат даромадаанд. Аз дохили сандуқи оҳанин 10 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони мақомоти милитсия дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷавони 25-солаи сокини шаҳраки Навкатро бо гумони содир намудани дуздӣ дастгир намуданд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ