Маркази миллии тестӣ 10-сола шуд

Соли 2014 Маркази милли тестӣ (ММТ) дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Инак, беш аз 10 сол мешавад, ки хатмкунандагони макотиби миёна бо ин низом ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил мешаванд. Яке аз дастовардҳои ММТ коҳиши ришвахорӣ гуфта мешавад…

Бидуни “миёнарав”

Тибқи иттилои расмӣ давоми 10 сол тариқи ММТ 478 ҳазор довталаб ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва коллеҷҳо дохил шудаанд. Ҳамчунин, беш аз 363 ҳазор довталаб дар имтиҳонҳои ММТ ноком гардидаанд. 

Коршиносон бар ин назаранд, ки ММТ тӯли 10 соли фаъолияташ тавонист теъдоди зиёди довталабонеро, ки бо низоми қаблӣ донишҷӯ шуданашон душвор буд, бидуни “миёнаравҳо” ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил намояд. Ҳамчунин, коҳиши ришва барои дохил шудан ба муассисаҳои олиро яке аз дастовардҳои муҳими ММТ арзёбӣ мекунанд.

Ҳамчунин, нафароне низ ҳастанд, ки низоми ММТ-ро барои коҳиши саводи довталабон танқид мекунанд. Бархе аз устодони макотиби олӣ аз он ки “нафарони тасодуфӣ” низ ба курсии донишҷӯйӣ менишинанд, аз ММТ розӣ нестанд. Тайи се соли охир бо сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул ММТ давраҳои нави қабулро ба роҳ монда, пас аз оғози дарсҳо низ донишҷӯёнро ба муассисаҳои олӣ қабул мекунад. Ин ҳам боиси интиқод мегардад.

Бурду бохти низоми тестӣ

“ММТ сабаб мешаад, ки камбизоатони босавод дохил шаванд ва дар баробари сарватмандон таҳсил кунанд. Ёд дорам, дар гузашта бепулӣ монеаи ҷиддӣ барои таҳсили ин қишр мегашт ва бе тағову амак кор ҳал намешуд…”,- мегӯяд сокини кишвар Зайналобиддин Расулзода.

Солҳои охир шумораи донишҷӯён дар макотиби олии кишвар ба якборагӣ кам гашта, дар ин баробар бештари онҳо тарки таҳсил карданд. Ба ҷуз аз имтиҳоноти қабули дохилшавӣ, имтиҳони донишгоҳҳо ва озмуну олимпиадаҳо низ ба тариқи тестӣ баргузор мешаванд.

“Низоми тестӣ ба фикри ман чандон низоми мақбул нест. Беҳтарин низом санҷиши дониш тариқи имтиҳон аст. Низоми тестӣ тахминӣ буда, бесаводтарин шахс низ бо тахмин кардан донишҷӯ мешавад. Агар савол диҳед, ё санҷиш гузаронед, худ маълум мешавад, ки кӣ босавод асту кӣ нодон”,- мегӯяд корбари шабакаи иҷтимоӣ Пӯлод Собирӣ дар посух ба суоли мо.

“Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барвақт аз ин низом даст кашидаанд. Мо бошем, баръакс онро густариш дода истодаем. Барои аз байн бурдани як миллат пеш аз ҳама чӣ лозим аст, фарҳанги онро аз байн бурдан. Вақте халқ бесавод бошад, дигар ба тиру туфанг зарурат намешавад. Тест ҳам ҳамин гуна аст”,- иброз медорад омӯзгор Азимов Саид.

Санҷидани дониши илмомӯзон ва довталабон ба воситаи тест бори аввал нест, ки вокунишҳои зиёди мардумро ба бор оварда бошад. Аммо ба ин васила афзудани фасод ва ашхоси тасодуфӣ нигаронии илмҷӯён ва омӯзгоронро бештар кардааст.

“Ман фикр мекунам, низоми тестӣ аз як ҷиҳат сабабгор мешавад, ки одамон ба ихтисосҳои намехостаи худ дохил шаванд. Бинед, аз 15-20 нафаре, ки ба курси як шомил мешаванд, пас аз 1 ё 2 нимсола аз ин миқдор 7-8 нафар боқӣ мемонанд. Яъне одамони тасодуфӣ худ аз худ хориҷ мешаванд, ё мепартоянд ва ё дигар ҷо мераванд. Ҳолате шуд, ки аз 15 нафар донишҷӯе, ки ба пешаи актёрӣ омадаанду мо пурсон шудем, ҳамагӣ ду нафар ихтиёрӣ омадаанд, боқӣ ҳама ба туфайли ММТ”,- мегӯяд омӯзгори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Ҳасан Қосимов.

Ба таъбири ин нафар, набояд эҷодкорон ва санъаткорон тариқи имтиҳони тестӣ донишҷӯ шаванд: “Санъаткор санъаташро дар мадди аввал мегузорад, баъд дигар илмҳоро. Масалан як касе истеъдод дорад, шояд дар оянда аз ӯ беҳтарин артист барояд. Аммо бо сабаби ММТ ӯ ин истеъдодашро ба хок мебарад. Ва дар оянда аз ӯ кӣ мебарояд? Ҳеҷ кас! Пас роҳ пеш мегирад ба хориҷа. Ё ин ки нафари дигаре ба омӯзгорӣ, муҳандисӣ шавқмандӣ дорад, аммо меояд ба як соҳае, ки аслан дар бораи он маълумоте надорад”.

Ин омӯзгор пешниҳод дорад, ки имтиҳони тестӣ барои довталабони ихтисосҳои эҷодкорӣ лағв шавад.

Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *