Маркази миллии тестӣ: Бақайдгирии довталабон 1-уми март оғоз меёбад

7-уми феврали соли ҷорӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ курсҳои омӯзиширо барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ оғоз кард.

Бино ба иттилои ин марказ, тибқи эълон бо тариқи электронӣ 412 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза пешниҳод намудаанд, ки аз ин шумора 380 нафар шахсони аризадода ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд. Семинарҳои омӯзишӣ барои 14 гуруҳ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент ва Рашт то 19-уми феврал идома меёбад. Дар асоси озмун аз 380 нафар иштирокчиён 220 нафар шахсони ба талабот ҷавобгӯй ва донишу маҳорати бештардошта барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд.

— Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи нақша дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022 дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи бақайдгирии доимамалкунанда бо теъдоди 142 истгоҳи корӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешавад, ки дар умум 60 шаҳру ноҳияҳоро фаро мегирад. Бояд тазаккур дод, ки бақайдгирии довталабон 1-уми марти соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *