Маркази нави саломатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шуд

Бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 13 ноябр дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, бинои маркази саломатӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 34 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бо таъсис ёфтани маркази саломатӣ 40 нафар мутахассиси соҳа бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.

default

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бинои маркази саломатӣ нуқтаи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои осебшиносӣ, доругузаронӣ, ҷарроҳӣ, хатна, табобати дандон, духтури занона ва ҳуҷраҳои табибони оилавӣ ҷойгир шудааст.

Дар таҳхонаи бино бошад, толори маҷлис бо 60 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи физиотерапевтӣ бо ду кати хоб мавҷуд мебошад. Маркази саломатӣ бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгении рақамӣ, ултрасадо ва сабти барқии дил ва озмоишгоҳ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ба иттилои масъулон то ин дам дар ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов дастгоҳи рентгении рақамӣ мавҷуд набуд ва сокинон барои тахшиси рентгенӣ ва осебшиносӣ ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд мерафтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *