Маркази саратоншиносии вилояти Суғд соҳиби “ТЕРАБАЛТ” шуд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба “Маркази саратоншиносии вилояти Суғд” ташриф оварданд. Ин сафар аз рӯи нақша ҷорабиниҳо оид ба корҳои ободониву созандагӣ баҳри истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Раиси вилоят, сарвари Марказ ва сардори Раёсати тандурустии вилоят
Раиси вилоят аз корҳои ободонии марказ дидан ва изҳори қаноатмандӣ намуда кормандони марказро 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарик намуда гуфт: — Шуморо ба муносибати ҷашни таърихии дарпешистода тарик мегӯям ва ба шумову ҳамаи азизонатон дастурхони пурфайз, хонаи ободу пурнур ва тануҷию оромиро хоҳонам.
Дидан кардан аз рафти лоиҳа
Сарвари “Беморхонаи маркази саратоншиносии вилояти Суғд” номзади илмҳои тиб, Фурқат Мансуров зикр кард:-“Дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Дар ин росто дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, иншооти гуногуни соҳа ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шудааст.
-Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд даҳҳо иншооти соҳаи тандурустӣ таъмиру навсозӣ гардидааст, ки маркази мо низ аз ин иқдомҳо дар канор нест. Дар бинои шуъбаи табобати нурии Марказ, ки мазкур соли 2014 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида буд, имсол ба ин шуъба аз ҷониби ташкилоти байналмилалии МАГАТЭ дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” дастрас гардид, ки ба муносибати Истиқлолият беҳтарин тӯҳфа барои мо аст.
Дигар хушбатӣ ва неъмати Истиқлолияти давлатӣ барои мо ин аст, аз 1-уми январи соли ҷорӣ боз як лоиҳаи нав ба мабалағи 1 миллиону 600 ҳазор евро таҳия гардид, ки дар доираи он дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ва бозомӯзии мутахассисони маркази саратоншиносии вилоят ба нақша гирифта шудааст. Дар ин самт бо назардошти ворид намудани дастгоҳи томографии компютерӣ мувофиқи мақсад дониста шуд, ки дар Маркази мо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои иловагӣ бо 40 кати хоб сохта шавад”-афзуд Фурқат Мансуров.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ