“Маркази” Шувалов баҳсҳоро хотима мебахшад?

Дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия бо иштироки муовини аввали нахуствазир Игор Шувалов маросими ифтитоҳи намояндагии маркази экспортии Русия баргузор мешавад.

Вале тамаркузи асосӣ рӯзи 27 январ ба худи ҷаласа равона мешавад, ки баҳси беш аз якмоҳаи парвозҳои миёти Тоҷикистону Русия аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ин ду кишварро ба баррасӣ мегирад. Баъди як ихтилофи Тоҷикистон ба шурӯи парвозҳои ширкати «Ямал», дар парвозҳои «Сомон-эйр»-и Тоҷикистон ба Русия маҳдудият боқӣ мемонад.Кори маркази экспортии Русия аз пешбурди тиҷорати молҳои сохти Русия иборат мешавад, гуфтааст сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости. Аз ҳоло ин марказ, ки ҳамкории миёни ду кишварро дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ ҳадаф қарор додааст, 20 тарҳро ба маблағи 33 миллион доллар пуштибонӣ кардааст. Марказ ба унвони «равзанаи воҳиди» кор бо ширкатҳои содиротӣ ва сохторҳои масъули давлатӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *