Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Озмун эълон кард

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони касбии мамлакат бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан озмуни дарёфти Ҷоизаи “Ҷумъаи Толиб” (тадқиқоти журналистӣ) ва «Пайванд Гулмуродзода» (тадқиқоти илмӣ-фарҳангӣ)-ро эълон менамояд.

Ин ҷоизаи МТЖТ дар маъракаҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан — 3 май ба журналистоне тақдим мегардад, ки:

• дар рушди журналистика саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва барои боло рафтани обрӯи касбӣ мусоидат намудаанд;

• матолибе таҳия кардаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеа нишон додаанд;

• талаботи жанри тадқиқоти журналистиро риоя кардаанд;

• зимни ҳимояи манофеи касбиву миллӣ ахлоқи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳимояи ин манфиатҳо қатъият нишон медиҳанд;

Идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ва садову симо номзадҳои худро барои гирифтани ҷоизаҳои номбурдаи МТЖТ ба идораи МТЖТ, «Фараж», «Самак» ва «SugdNews» пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин, номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳод гарданд. Номзадҳо барои дарёфти ҷоизаҳои мазкур аз тариқи ВАО ва сомонаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд.

Қарорро дар бораи барандаи Ҷоиза Комиссияи таъсисдодаи МТЖТ мебарорад ва онро ниҳоӣ мегардонад. Барандагони Ҷоизаи «Ҷумъаи Толиб» ва «Пайванд Гулмуродзода»-и Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо диплом ва мукофот қадрдонӣ мешаванд.

Пешбарии номзадҳо то 30 апрел идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *