Маркази таълими калонсолон 500 ҳазор шаҳрвандро соҳибкасб намудааст

Дар 15 соли фаъолият Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 500 ҳазор шаҳрвандро дар курсҳои кӯтоҳмуддат соҳибкасб намудааст, ки 33,6% -и онҳо тариқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Дар ин хусус зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Саҳми Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар соҳибкасб намудани аҳолӣ» иттилоъ дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз оғози конфронс дар саҳни Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон маҳсулоти офаридаи касбомӯзон ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти 15-солаи Марказ ва саҳми он дар амалишавии барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, нақши низоми таҳсилоти калонсолон дар таъминоти кадрии соҳаи хизматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон, рушди низоми омодасозии кадрҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», нақши он дар танзими системаи таълими калонсолон ва ғайра маърӯзаҳо пешниҳод карда шудаанд.

— «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» айни замон бо фарогирӣ аз 34 филиал шаҳрвандонро аз рӯи 110 касбу ихтисос омода намуда, ба бозори меҳнат пешниҳод менамояд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *