Маро духтурон ВИЧ карданд (Видео)
Аксар беморони мубталои Вич/СПИД дар назди мардум аз бемории худ ҳарф намезананд ва дар назди мардум аз ифшо кардани ин сир меҳаросанд. Ба гуфтаи Назира нафаре, ки 6 сол мешавад ба ин вирус гирифтор аст мегӯяд: “Мардуми мо агар фаҳмад, ки нафаре гифтори Вич/СПИД аст, зуд аз ӯ дури меҷӯянд ва фоҳишааш мехонанд”.
Назира зани 47- солае, ки 6 сол мешавад аз бемории мазкур ранҷ мекашад. Ба гуфтаи Назира ин беморӣ дар Федератсияи Русия дар натиҷаи як амалиёти ҷарроҳӣ ба организмаш ворид гаштааст. Вале ба ҳама мушкиливу машаққатҳо нигоҳ накарда, то ҳол бо бемории Вич/СПИД мубориза мебарад. Мо суҳбати рӯ ба рӯи худро бо ин зан дар шакли фишурда манзури шумо мегардонем:
-Чи гуна шумо ба ин бемори гирифтор шудед?
-Ман аввалҳо “донор” будам. Ҳамасола аз ташхис гузашта хун месупоридам. Вале баътар зиндагии вазнин маҷбур кард, ки ба муҳоҷират равам. Дар ин чанд соли дури аз ватан, дигар имконияти хунсупорӣ надоштам. Баътар худ аз худ вазъи саломатиам бад шуда, хеле хароб шудам.
Сабабашро дар вайрон кардани реҷаам медидам. Ба худ мегуфтам, шояд хунсупории ҳарсола одат шуда буду, акнун ки чанд соли охир супорида натавонистам, чунин бемор шудам. Вақте ба ватан баргаштам, хостам боз мисли пеш хун супорам. Баъди аз ташхис гузаштан духтур маро ба наздаш хонда гуфт:” Шумо дигар наметавонед донор шавед. Дар хунатон вируси Вич муайян карда шуд. Қариб як сол мешавад, ки шумо мубталои ин бемориед”.
Ҳеҷ бовариам намеомад, охир ман зани бероҳа набудаму нестам ва ҳеҷ гоҳ ба чунин кори зишт даст назадаам. Баътар фикр карда ба хулосае омадам, ки вақти дар Руссия буданам бо сабабҳои гуногун бемор шуда, аз хунравии зиёд ба беморхона афтидам. Духтурон ба ман зуд хун гузаронида буданд.Онҳо ба тозаги риоя накарда маро гирифтори ин бемори кардаанд.
-Тӯли чанд сол мешавад, ки мубталои ин бемориед?
-Қариб ҳафт сол мешавад, ки гирифтори ин бемориам.
-Аҳли оилатон аз ин хабар доранд?
-На ҳамаашон хабар доранд. Аввалҳо танҳо модараму апаам медонистанд. Баъдтар фарзандонам низ огаҳи пайдо карданд. Вале падарам ва бародаронам то ҳол намедонанд.
-Баъд аз огаҳи пайдо кардан муносибаташон нисбати шумо чи гуна шуд?
-Муносибаташон тамоман дигар шуд. Аз ман дури меҷустанд. Вақте ман мехостам ҷиянҳоямро дӯстдори кунам ё ин ки бо онҳо нишаста хӯрок хурам, модарам ҳамавақт мегуфт: «Ба кӯдакон наздик нашав, ин қадар онҳоро буса накун, косаву табақи хӯрокхӯриатро ҷудо кун!”. Вале баътар фаҳмиданд, ки ин беморӣ бо оғӯш кардану буса кардан сироят намеёбад, боз муносибаташон бо ман мисли пешина шуд.
-Оиладор ҳастед?
-Оиладор будам. Вале чанд сол қабл мо бо шавҳарам аз ҳам ҷудо шудем.
-Соҳиби чанд фарзандед?
-Соҳиби ду фарзанд, як писар ва як духтар ҳастам.
-Ҳоло худатонро чи гуна ҳис мекунед?
Айни замон аҳволам хуб аст. Ман ҳамавақт ба духтурон муроҷиат мекунам. Доруҳоямро сари вақт истеъмол мекунам. Ин доруҳо вирусҳоро аз зиёдшавӣ дар хун боз медоранд.
Вале шахсони мисли ман хеле табъи нозук доранд. Агар онҳоро касе ранҷонад дигар ҳатто дору ҳам таъсир намекунад.
Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ