Маршали афсонавӣ. Зи мардони ҷаҳон мардӣ биомӯз! 

Маршал Константин Рокосовский инсони бисёр поквиҷдон, хоксор ва бо дӯстон садоқатманд гузаштааст. Дар бораи рафтору кирдори Рокосовский қиссаҳои бисёре вуҷуд доранд. Чанде аз он қиссаҳоро аз китоби «Одаму олам»-и доктори илмҳои тиб, полковники ҳарбӣ, мудири кафедраи эпидемиологии ДДТТ ба номи А. Сино Сафари Одина пешкаши шумо мекунем.

Сигоркашӣ дар ҷанг

Замоне, ки дар мавзеи «Курский дуга» ҷанги сахт мерафт, баъзе қисмҳо ба ақибнишинӣ роҳ медиҳанд. Рокосовский бо сардори ситод аз хандақ берун баромада, дар майдони ҷанг боҳузур ва бепарвоёна сигор кашида, суҳбат мекунанд. Афсарони рӯ ба гурез оварда ин аҳволро дида, бо дили пур, бо нидои «урра»… ба пеш медаванду оқибат ғолиб меоянд.

Ғурури Маршал

Замони ҳукмронии Хрушёв дар яке аз маъракаҳои сатҳи баланд, ки дар Кремл мегузашт, нафаре барои Никита Сергеевич суханҳои дабдабанок гуфта, хоҳиш мекунад, ки ҳама ба ӯ ҳамроҳ шуда, қадаҳ бардоранд. Рокосовский ва боз як генерали дигар қадаҳҳоро болои миз гузошта, наменӯшанд.

Садоқати Маршал

Рокосовский ҷонишини вазири мудофиаи СССР шуда кор мекард. Рӯзе ӯро ба ҳузури Хрушёв даъват мекунанд. Ӯ Маршалро бо табассум қабул карда, аёрона дарди дил мекунад.

— Костя!,- бо қиёфаи ҷиддӣ суханашро оғоз мекунад Хрушёв,- Сталин чӣ қадар мардумро кушт, ба маҳкама андохт. Ҳатто шумо ҳам лар маҳбас азобу уқубат кашидед. Имрӯз вақти он расида, ки инро ба халқ гӯем, шумо ба муқобили ин золим дар анҷуман пас аз ман баромад карда, ӯро хуб сиёҳ кунед. Рокосовский ҳамон замон қиёфааш дигар шуда, мегӯяд:

— Ман ҳеҷ гоҳ муқобили онҳое, ки дар ҷанг ҳамроҳ будам, аз афсари оддӣ то генералсимус, яъне Сталин, сухани паст нахоҳам гуфт, чунки онҳо ҳама қаҳрамонанд. Вақте рӯзи дигар ба кор меояд, аллакай дар дафтари кориаш шахси дигар менишаст…

Эҳтиром ба Сталин

Дар мардуми Қафқоз ҳамин хел расм ҳаст, ки вақте дар маърака дар мавриди шахси муайян нӯшбод мегӯянд, сухангӯ қадаҳашро аз соҳибҷашн каме поён нигоҳ медорад. Ин рамзи эҳтиром аст. Боре Сталин дар бораи Рокосовский сухан гуфта, ин расмро такрор карданӣ шуда, қадаҳашро аз қадаҳи Рокосовский паст карданӣ мешавад, аммо Рокосовский инро қабул накарда, аз нав қадаҳашро аз қадаҳи Сталин пасттар медорад. Ҳамин тавр, онҳо то расидан дар сатҳи фарш ин корро такрор мекунанду дар охир Рокосовский Сталинро маҷбур месозад, ки қадаҳаш аз қадаҳи ӯ дар боло бошад.

Рокосовский нисбат ба Сталин эҳтироми хоса дошт, ҳар замон садоқату вафодорияшро исбот мекард.

Чаро Хрушёв маршал нашуд?

Вақте ки ба Никита Сергеевич Хрушёв рутбаи маршалӣ доданӣ мешаванд, аз рӯи қоида бояд ҳамаи маршалҳо дар зери фармон имзо мегузоштаанд. Вале Рокосовский имзои худро зери ин фармон намегузорад. Ҳамин тавр, Хрушёви ҳавобаланд бе рутбаи маршалии СССР мемонад.

Таҳияи Иззатбеки ИДИЗОД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *