МАРШИРОВКА Ҷавонон он ҷо “половина”-ҳояшонро меёбанд!

Пас аз шунидани ҷумлаҳои “аз рафтан ба маршировка касе шикоят накардааст”, “90 фоиз маршировкачиён ба хости худ ба маршировка меоянд” ва “ҷавонон дар маршировка ҳамсари ҳаётии худро пайдо мекунанд” корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Facebook баҳсҳои зиёд ташкил карданд ва ҳатто дар миёни ҷавонони муҷаррад ҷумлаи “кош ба маршировка рафта “половина”-амро меёфтам” “бренд” шуд.

Ҳама хандиданд. Дашномҳои бешумор ба суроғаҳои гуногун фиристода шуд. Оҳу вой, доду фарёд ва нешханду решхандҳо то ҳадде баланд шуданд, ки карҳо шуниданд, кӯрҳо диданд, гунгҳо ба забон омаданд, вале мутаассифона касе садо баланд накард. Аз мақомоти дахлдор ҳамагӣ хомӯшанд ва “как будто” чизе нашудаву ҳама кор аз рӯйи нақша пеш рафта истодааст.

Ин ҳама ба ман бошад, биёед, ба ҷойи хандаҳо гиря кунем. Биёед, ба ҷойи дашномҳо илоҷи корро андешем. Биёед, ба ҷойи таҳқири ҳамдигар хомӯширо ихтиёр кунем. Ва биёед, ба ҷойи…

Бисёр бад аст, вақте ки аз мақомоти дахлдор доғи ҷомеаро ситоиш карда, ба ҷойи бад нек мегӯянд. Тарзе вонамуд мекунанд, ки маршировка дарди сари хонандагону донишҷӯён не, балки вақти хушҳолӣ ва фароғати онҳо мебошад.

Ҳақиқатан ҳам маршировкаи маҷбурӣ ягон вақт ба навъи ҷомеаву мардум нахоҳад буд ва моро мебояд ба ҷойи худамонро сафед кардану дар мавриди сафарбар кардани ҷавонон (толибилмон-ояндаҳои миллат) афсонаҳои ҳаҷвӣ эҷод кардан, бояд иқрор шавем, ки шароити имрӯз фурсати қуллай аст барои аз ояндаҳои миллат танҳо ва танҳо дониш талаб кардан, на ин ки маршировкаву рақсу даводавҳои зиёдатӣ.

Вақте ки муаллимро мақоланавис (бовар кунед, ҳамон мақолаҳоро касе намехонад, ба касе лозим нестанд, касе аз онҳо чизе намегирад!) мекунем, вақте ки танҳо бо тест донишҷӯ мекунему бо тест имтиҳоноти магистрантонро мегирем, вақте ки бачаҳоро ба ҷойи роҳнамоӣ ба китобхонаву корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фақат ба маршировка ҷалб мекунем, вақте ки ба толибилми ҳеҷ “мотивация” намедиҳем, вақте ки ба олими ҳақиқии имрӯза таваҷҷуҳ намекунем, вақте ки ҳоли имлро табоҳ мекунем, пас чаро худамонро фиреб карда, умед ба фардои нек мебандем?

Ва як хоста: кош замоне шавад, вақти бо шавқ сухан кардани масъулин ба ҷойи калимаи “маршировка” калимаи куҳнашудаву ногапи мардум- “китобхона”-ро шунавем.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *