Маъруф Бобоҷон-шогирди Раҳимзода 75 — сола шуд
55- солагии фаъолияти эҷодӣ ва 75 -солагии яке аз нависандагони номвар МаъруФ Бобоҷон бо иштироки аҳли илму адаб дар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд таҷлил карда шуд.
Тавре Маъмур Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод, дар чорабинии адабӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Гавҳар Умарова ва дигарон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маъруф Бобоҷонро бо 55 солагии фаъолияти эҷодӣ ва 75 солагиаш табрику таҳният намуданд.
Дар номаи табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зикр шудааст: “Ҳар як фарди солимфикру нексиришт устод Маъруф Бобоҷонро чун шахси инсондўсту зафарпеша, марди ҳалиму меҳрубон, донишманду кордон, пеш аз ҳама нависандаи ширинкаломи тоҷик мешиносад ва арзи сипос менамоянд. Зеро эҷодиёти мавсуф байни хосу ом, адибон ва кулли зиёиён сазовори эҳтиром гардидааст. Чакидаҳои хомаи нависанда ҳамчун арзишҳои волои маънавӣ, инсонгароӣ, ватанпарварӣ ва муҳаббати поку беолоиши инсониро ситоиш намуда, мардумро барои дўст доштани ҳаёт ва садоқат ба халқу миллат даъват мекунад”.
Дар маҳфил таъкид шуд, ки Маъруф Бобоҷон аз шогирдони боистеъдод ва вафодори шоҳсутунҳои адабиёти тоҷик устодон Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода ва Аминҷон Шукўҳӣ мебошад ва муаллифи беш аз 30 китоби бадеӣ буда, дар асарҳояш дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тараннум гардида, дар замони мо аҳамияти калони тарбиявӣ доранд. Ӯ узи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ