Маъруф Муҳаммадзода: Камоли Хуҷандӣ — фарзанди барӯманди Хуҷанд

Таърих дар поёни садаи ХХ дубора ба мо — тоҷикон неъмати Истиқлолияти милливу давлатии ҳақиқиро арзонӣ дошта, ҳамзамон муддати шаш сол мавриди имтиҳони шадид қарор дод, то ин ки бо талошҳои қаҳрамонона ва раҳнамоиҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз талафоту хисоротии моддиву маънавӣ ва таҷрибаҳои талхи ҳақиқатосор, аз ин санҷиши зиёнбор гузаштем.

Баробари он ки сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад, Ҳукумати мамлакат дар пайи эҳёи ҳаматарафаи соҳаҳои гуногун гашт. Бо мақсади он ки моро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва соҳиби тамаддуни хоси давлатдорӣ бишиносанду аз ақвоми бузурги ориёӣ буданамонро эътироф намоянд, бо ташаббуси Тоҷикистон соли 1999 ҷашни 1100-солагии таъсисёбии давлати Сомониён таҷлил шуд ва соли 2006, ки Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардид, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб низ ҷашн гирифта шуд. Се сол қабл аз ин чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ, яъне соли 2003 бо иқдоми Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон “Соли оби тоза” эълон шуд.

Маҳз ҳамин иқдомоту ташаббусҳои барои имрӯзу ояндаи сайёра ва таърихи инсонияту рушди инсонгароӣ муҳим моро вориди арсаи сиёсату фарҳанги байналмилалӣ сохт. Бо талошу ибтикори Тоҷикистон ва ҳамовозии кишварҳои ҳавзаи забону адабиёти форсӣ ва фарҳанги исломӣ аз тарафи созмони ЮНЕСКО эълоншавии солҳои бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ (соли 2007), Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), Имоми Аъзам (соли 2009), Абдураҳмони Ҷомӣ (соли 2014) ва бар ин асос баргузории конфронсу симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ далел аз идомаёбии ин анъанаи нек ба шумор меравад.

Охири соли гузашта дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешвози ду санаи муҳими таърихии соли ҷорӣ – 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ мужда расонида, ба омодагии ҳаматарафа ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил кардани ин ду тадбири дорои аҳамияти байналмилалӣ дастур доданд.

Ҳамагон шоҳиди он шудем, ки санаи 12-уми сентябр ҷашни 5500-солагии Саразм, новобаста аз вазъияти кунунии ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил ва баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон аз хориҷи кишвар ва намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолиятбаранда ширкат дошта, бевосита мавзеи таърихии Саразмро ба чашми худ дида, шоҳиди ҳафриёту дастовардҳои таърихии тоҷикон гаштанд.

Ҳамакнун дар арафаи ҷашни 700-солагии шоири орифмашраб Хоҷа Камоли Хуҷандӣ қарор дорем, ки умедворем низ бо роҳнамоиҳои ҳамешагии Пешвои миллат бештар аз дигар ҷашнҳо шаҳомат хоҳад гирифт. 

 Хуҷанд аз шаҳрҳои бостонии қаламрави густурдаи таърихии тоҷикон ба шумор рафта, қабл ва баъд аз Камоли Хуҷандӣ нафарони нухбаеро ба олами илму адаб эҳдо кардааст, ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ, Зиёудини Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Ҳоҷӣ Юсуф Мирфайёзи Хуҷандӣ, Тошхоҷа Асирӣ барин афрод ва даҳҳо мисли инҳо ба ин шумор дохил мешаванд. Ҳарчанд аксарашон берун аз ҳудуди ин шаҳр зиста бошанд ҳам, ному шуҳрати илмиву адабиашон бештар аз дигарон ба номи Хуҷанд ному ба шуҳрати он шуҳрат зам кардааст.

Шайх Камоли Хуҷандӣ аз зумраи чунин номоварону шуҳратёрон мебошад, ки дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, дар ҳамин ҷо касби камол карда, худро ҳамчун шахсияти фавқулода беназир нишон додааст. Бино бар таъкиди аксари камолшиносон, бо мақсади зиёрати хонаи Худо аз шаҳри Хуҷанд берун омада, муддате дар шаҳрҳои Самарқанду Чоч мондааст. Зиндагонии ин андалеби хушоҳанги чаманҳои Хуҷанд бештар дар шаҳри Табрез ва ҳудуди ёздаҳ сол дар шаҳри Сарой сипарӣ шудааст, ки аз як тараф, далели оромии нисбии сиёс, рушди фарҳангиву адабӣ ва хушобуҳавоии шаҳри Табрез ва аз тарафи дигар, далели манзалату мақоми ирфониву адабии вай назди султонону ҳокимони давр ба ҳисоб меравад.

Шоири хуҷандиасл ҳарчанд дур аз диёр зиста бошад ҳам, пайваста на фақат дар ёди Хуҷанд будааст, балки бо ному табиати беназир, меваҳои шаҳдбор ва хоки он, ки мисли ӯ барин фарзанди нодиреро муддате дар домани покаш парваридаву ба арсаи шеъру ирфон овардааст, назди муридони бешумораш ифтихор ҳам мекардааст ва дар хитоб ба онҳое, ки ба қадри обу хоки Ватан ва фарзонагони он намерасанд, мегуфтааст:

Аз Оби Хуҷанд бигзару кӯҳ,

Дар шаҳри ту ин ба ҷуз  масал нест.

Ин дур(р) на дар он  ҳақир дарёст

В-ин лаъл ба кӯҳи  Меваѓал нест.

Маҳз ҳамин дарунмояи ҳунарӣ ва ҷавҳари инсонгароёна доштани “дурру гавҳари ноёб” – сухани нозилаш буд, ки Хоҷа Камол бо убур аз пайроҳаи шоирони орифе чун Фаридуддин Аттор ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ ва бо пайсипарӣ аз ҷодаи Шайх Саъдии Шерозӣ дар арсаи шеъру адаб аз пояи раҳнавардӣ ба мақоми раҳнамоиву роҳбаладӣ боло рафт ва соҳиби шоҳроҳе ҳам шуд, ки пасовандони зиёдеро аз аҳли қалам аз дунболи худ овард. Таъбири “мактаби адабии Камол” ҳам, ки камолшиносон бар он бисёр ишора кардаанд, аз бузургиву соҳибмақомии ин фарзонаи олами ирфону шеър дарак медиҳад.

Муҳимтарин дастоварди адабие, ки Шайх Камоли Хуҷандӣ дар замони зиндагияш ба он ноил гаштааст, дар эҷоди шеър соҳиби сабки хоси баён шудани ӯст, ки гӯёи лутфи табъу суханаш мебошад. Ин ҷанбаи сухани Хоҷа Камолро ба инобат гирифта, Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ чунин гуфтааст: “Камол устоди бузурги забон аст. Ӯ дар аксари байтҳои худ як ё ду сухани думаъноро кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо мазмуни он байт мебарояд… Ҳар байти Камол, албатта,  мазмуни хоси тозаи обнорасида дорад ва ӯ аз дигарон ҳам ҳамин мазмуни хосро талаб мекунад”.  Аз ин рӯ, забони шеъри Камол бозтоби зебову ҳунарии забони мардум аст.

Рӯнамоии ин вижагии ашъори ӯро баъд аз аллома Айнӣ суханшиносони тоҷику эроние, чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Саъдулло Асадуллоев, Аълохон Афсаҳзод, Абдулманнон Насриддин, Абдуҷаббори Суруш, Атахон Сайфуллоев, Абдусаттор Абдулқодиров, Бадриддин Мақсудов, Козим Алии Шедфар, Азизи Давлатободӣ, Эраҷи Гулисурхӣ, Маҷиди Шафақ, Аҳмади Карамӣ ва дигарон, ки ному насабашон дар таърихи адабиётшиносиву забоншиносии муосирамон ҳамчун камолпажӯҳ сабт шудааст, ба уҳда гирифта, онро дар сатҳи матлуби илмӣ ба иҷро расондаанд. Аксари камолшиносони номбурда баробари таҳқиқи рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ ва таълифи рисолаҳои илмии алоҳида ба тасҳеҳу таҳияи ашъори шоир машғул шуда, заминае муҳиме барои рушди камолшиносӣ гузоштаанд.

Баъд аз қариб як соли таъсисёбии Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, яъне соли 2015 марҳалаи тозае дар камолшиносӣ шурӯъ шуд. Ин маркази илмӣ бо вуҷуди тозатаъсис буданаш дар муддати хеле кӯтоҳ на фақат дар соҳаи камолшиносӣ, балки умуман дар адабиётшиносӣ, хусусан дар таҳияи мутуни осори адабӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гашт.

 Шаҳри Хуҷанд на танҳо ин ифтихорро дорад, ки фарзанди фарзонае чун Камоли Хуҷандӣ аз хоки он бархоставу бо шуҳратёрии худ тирози ҷаҳонро номовартар аз гузашта кардааст, балки имрӯз фахру нозиш ҳам аз он дорад, ки овозаи номи ин шоир зодгоҳашро дар миёни шаҳрҳои бостонии қаламравии Осиёи Марказӣ ва берун аз он сар то сари ҷаҳон машҳуртар намудааст. Беҳуда нест, ки дар бораи ин фарзанди фарзона ва чеҳраи мондагори таърихи фарҳангу адабиётамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  гуфтаанд: “Ақлу заковат, покизагӣ ва меҳру муҳаббати Шайх Камол дар дилу дидани сокинони ин шаҳр (Хуҷанд) ва ба таври умум сар то сари Тоҷикистон таҷаллӣ ёфтаааст. Дарахти андешаҳои башардӯстонаи Шайх Камол мисли дарахти зиндагӣ асрҳои аср сарсабзу устувор боқӣ хоҳад монд”.

Дар партави ин суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо умеди сарсабзии дарахти андешаҳои башардӯстонаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ тамоми тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳонро ба муносибати 700-солагии ин андалеби хушилҳони боғҳои Хуҷанд табрику таҳният мегӯям ва омодагии хуҷандиёнро барои таҷлили шоистаи ин ҷашни таърихӣ ҳамчун раиси он эълом медорам.

Маъруф МУҲАММАДЗОДА, раиси шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *