Маъруфхӯҷа Баҳодуров — Борбади асри XX
Баҳои Улуғзода, эътирофи Ғафуров, ёддошти нодир ва пешниҳод ба ҳукумати Суғд
Маъруфхӯҷа Баҳодуров яке аз нобиғагони мусиқии тоҷик ва Борбади асри ХХ буданд. Эшон анъанаҳои наҷиби мусиқии тоҷикро идома дода, барои рушди “Шашмақом” ва санъати суннатии тоҷик саҳми назаррас доранд. Дар ин матлаб ёде аз эшон хоҳем кард.
Баҳои Сотим Улуғзода
Моҳи майи соли 1988 нависандаи забардасти мо Сотим Улуғзода меҳмони хуҷандиён мешаванд. Бегоҳии 6 майи соли 1988 дар Қасри «Абрешимчӣ» вохӯрии меҳнаткашони шаҳр бо устод баргузор гардид. Шаби адабиро ҳофизи мардумӣ Маъруфхӯҷа Баҳодуров бо суруду оҳангҳои ҷоннавози худ нури тоза бахшиданд. Вақте ки ҳофиз суруди «Ушшоқ»-и Содирхонро бо сабку услуби худ хонданд, толорро хомӯшӣ фаро гирифт:
Ба як карашма Зулайховаше дили моро,
Чунон рабуд, ки Юсуф дили Зулайхоро.
Аз суруди Маъруфхӯҷа Баҳодуров нависанда Сотим Улуғзода ба ваҷд омада, бо як эҳсосот гуфтанд: «Маъруфхӯҷа Баҳодуров — ин Борбади замон».
Ин баҳои ycтoдpo ҳамагон бо кафкӯбиҳо пазируфтанд. Баъди итмоми суруд С. Улуғзода ба назди баландгӯяк омаданд ва илова намуданд: «Маъруфхӯҷа аз ҳофизони беҳамтост, ки сабки худ, навои худ, овози ширадори хосро дорост, ба ин на ҳамаи санъаткорон қодир ҳастанд».
Бале, мо дар симои Маъруфхӯҷа Баҳодуров ҳофизи мумтозро медидем, ки анъанаҳои Борбаду Накисо, Саркабу Саркаш, Абдулқодири Гӯяндаю Кавкабӣ, Дарвешалии Ҷангию Қорӣ Каромат, Бобо Ҷалолу Бобо Fиёс, Домулло Ҳалим Ибодову Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхону Мулло Тӯйчӣ, Фазлиддин Шаҳобову Бобоқул Файзуллоевро идома додаанд…
Дойраи падар
Банда ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри ХХ шуруӯъ карда, мақола, мусоҳиба, акс, шеър ва ҳуҷҷату санадҳо доир ба Маъруфхӯҷа Баҳодуровро гирд меорам, зеро ҳамчун муаррих ва пеш аз ҳама, мухлис аз ибтидо мехостам дар бораи эшон асари мукаммале нависам. Баъдан мо бо Маъруфхӯҷа Баҳодуров аз наздик шинос шудем. Ҳамроҳи М. Баҳодуров дар Рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар вилояти Тошканду Фарғона, таҷлили ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ иштирок карда, зимни ин сафарҳо аз суҳбатҳои эшон баҳраҳо бардоштам. Он кас шахси оқилу фозил, ба маънои томаш донишманд буданд.
Дар бойгонии шахсии ман боз як маводи бароям ниҳоят пурқимат маҳфуз аст. Ин ҳуҷҷати нодир ёддоште аст, ки аз тарафи худи Маъруфхӯҷа Баҳодуров навишта шудааст. Бояд қайд намоям, ки он кас ҳусни хати зебо ва қалами суфта доштаанд.
Дар ин ёддошт, нахуст сухан аз даврони кӯдакии Маъруфхӯҷа, дар синни 8-9-солагӣ, дил бастан ба мусиқӣ ва пайравӣ ба ҳофизони номӣ меравад.
Сониян, аз нақли ҳофиз маълум мешавад, ки падар истеъдоду майлу рағбати писарро ба савту суруд дида, ба ӯ як дойра харида медиҳад. Ва баъд аз оне, ки Маъруфхӯҷа роҳи мусиқиро интихоб менамояд, падар маслиҳат медиҳад, ки бештар сурудҳои Содирхони ҳофизро бодиққат гӯш кунад.
Як фармони Ғафуров
АЗ ЁДДОШТИ МАЪРУФХӮҶА БАҲОДУРОВ:
-Бо ҳидояти падар мусиқии чанде аз ҳофизони машҳури ҳамонвақтаи Тоҷикистону Ӯзбекистон Мақсудҷон Танбӯрӣ, Муҳиддин Мавлонови дуторчӣ (падари Ҳанифа Мавлонова), Кенҷабой Мирмуллоев ва дигаронро меомӯхтам. Соли 1939 маро ба ТЮЗ (театри тамошобини наврас), ки дар Хуҷанд ягона буд, ба кор даъват карданд.
Ҳамчунин, устоди ман Абдумаҷид Ҳомидов дар камолоти ҳофизии ман саҳм гузошта буданд. Ин ҷо ман як лаҳзаро вобаста ба устодам А.Ҳомидов мегӯям. Соли 1946-1947 арафаи иди 30-солагии Октябри Кабир буд, Б. Fафуров дар яке аз маҷлисҳои аҳли санъат баромад карда гуфтанд: «Ҳамаи халқҳо соҳиби унвонҳои халқӣ доранд, қазоқҳо олтин, туркманҳо бахшӣ, озариҳо булбул, мо чаро надорем. Мана ҳозир Маъруфхӯҷа чанд суруди халқию классикиро хонд, чаро унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистонро таъсис надиҳем. Ин ҷо Мунаввар Шогадоев — Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон нишастаанд, фармонро тайёр карда, дар бадали ду-се рӯз дар газетаҳо бароред. Он рӯзи фармон баромадан Fафуров ба ман бо табъи хуш гуфтанд: “Мана унвон ҳам баромад, якумашро ба ту хоҳем дод”. Ман «не-не раис, якумашро ба устодам Абдумаҷид Ҳомидов диҳед», — гуфтам, он кас табассуме карда, «ба андешаат офарин» гуфтанд. Фармон бо имзои М. Шогадоеву котиб Асроров баромад. Он ҷо якум номи А.Ҳомидов ва дуюм номи ман сабт шудааст. Имрӯз он ҳуҷҷати таърихӣ бароям муқаддас аст, зеро он бо ҳидояти Бобоҷон Fафуров барин шахсияти бузурги миллат таъсис дода шудааст.
Насиҳати устод
Фаъолияти эҷодии Маъруфхӯҷа Баҳодуров аз солҳои 1937 –1938 оғоз ёфта, ним асри комил идома меёбад. Ӯ ибтидо дар Театри ҷавонони Ленинобод кор карда, баъд ба шаҳри Душанбе меояд ва қатори қаламкашону санъаткорони дигар дар тарғиби санъати нафис ва қадимии халқи тоҷик дар Даҳаи нахустини адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва саҳми арзанда мегузорад. Маъруфхӯҷа айёми ҷавонии худро ба ёд оварда мегӯяд:
— Рӯзе бо хоҳиш ва талаби санъатдӯстон ба шаҳри бостонии Ӯротеппа омадам, маро ба чойхонаи Лаби ҳавзи Морон даъват намуданд. Чойхона пур аз одам буд. Бо хоҳиши аҳли ҷамоа торҳои тамбӯрамро ҷӯр карда, ғазали Камолро бо навои «Гулёри Содирхон» хондам. Дар паҳлуям марди сабзинарӯе менишаст, ки бар сараш саллаи истанбулӣ, бар тан камзӯли сандуф, аз болои он яктаҳи беқасаби банорас, бар пой маҳсии оҳарӣ дошт. Ҳамин ки хониши суруд ба авҷ расид, ин мард якбора навҳакашон фарёде заду боз сарашро ба рӯи сина хам карда, хомӯш шуд ва ба сукут рафт. Баъд аз адои суруд ӯ маро падарвор ба оғӯш кашида, сарамро навозишкорона сила карда гуфт: «Аз савту навои сурудаат ва шеъри Шайх Камол лаззат ва ҳаловат бурдам, писарам, умрат дароз бод ва ҳунару овозат ба камол расад!».
Ман аз ин суханони пурнавозиш хушнуд шудам ва сарам гӯё ба осмон расид, аммо ҳанӯз намедонистам, ки ӯ кист ва чӣ гуна шахсе аст. Баъд гуфтанд, ки ин одам Абдуқодир Ҳофиз — шашмақомсарои номии Ӯротеппа мебошад. Вай маро ба хонааш бурд ва ҳамин ки ба ҳавлй даромадем, ба завҷааш шунавонида, бо овози баланди зангӯладораш хитоб кард:
-Шодиёна диҳетон! Имрӯз қатори Мавлону Расулмаҳмад ҳофизи хушхон — писари нав овардам.
Завҷаи ҳофиз низ маро чун фарзанд пешвоз гирифт. Сипас Абдуқодир Ҳофиз маро меҳмоннавозӣ карда, чун падар ва устод ба ман насиҳат карда гуфт:
-Писарам, Маъруфхӯҷа! Бидон, ки дар тамоми соҳаи ҳаёт бе устод кас ба чизе нарасидааст, алалхусус дар соҳаи савту наво, ки пардаҳои пасту баланди нозук, мушкилиҳо дорад. Ман овозаи туро мешунидам, аммо худатро надида будам. Хуб шуд, ки ниҳоят ҳамдигарро ёфтем. Гумон мабар, ки ман гузаштагони туро намедонам ва намешиносам. Бобои марҳумат Олимхоҷа Ҳофиз шеърҳои Ҳикмат (Хоҷа Аҳмади Ясавӣ), шодравон падарат бошанд, ба даст дафу дойра гирифта шеърҳои Хоҷа Ҳофизро ба мақом дароварда мехонданд. Амакат Бузургхоҷа найнавози моҳир буд, мухтасар, шумо аҷдодан овозхону санъаткоронед, ки ин боиси хурсандист. Модом ки ту аз ҳамин хонадони муътабарию овози хуб дорӣ ва маро фарзандӣ, чанд панде туро гуфтаниам, ки инро бояд бо ақлу хирад қабул фармоӣ ва чун гӯшвораи зар ба гӯшу ҳуш бигирӣ: “Ҳофиз бояд, пеш аз ҳама, маъно ва мафҳуми шеъри ба оҳанг дароварда мехондагиашро бо тамоми назокати калом ва мантиқу маъно бидонад, дар вакти хондан ба задаи мантиқии калимаву ибораҳо эътибор диҳад…”.
Чилу панҷ сол гузашту панди устоди меҳрубон аз ёдам нарафт…
Ҳамин тариқа омӯхтанҳо аз Абдуқодир Ҳофиз ва дигар овозхонони номии республика, мутолиаҳои шахсӣ буд, ки ҳунари Маъруфхӯҷа рӯз ба рӯз сайқал ва такомул ёфта, ӯ маҳбуби халқ гардид ва худ ба дараҷаи устодӣ расид.
Дар ҳузури Айнӣ ва Лоҳутӣ
Соли 1945 ба шарафи Иди байналхалқии озодии занон дар Театри ба номи Лоҳутӣ маҷлиси ботантана баргузор гардида, дар он аҳли илму адабу ҳунар, аз ҷумла устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, иштирок менамоянд. Пас аз хотимаи маҷлис, вақти намоиши консерт чун навбат ба Маъруфхӯҷа мерасад, ӯ танбӯрро гирифта, ғазали Бедилро ба яке аз оҳангҳои “Шашмақом” месарояд, ки бозгӯяш чунин буд. «Ба фидои ту, ба фидои ту, ба фидои ту». Ин вақт Лоҳутӣ беихтиёр аз ҷой бархоста, рӯй ба Маъруфхӯҷа меорад ва бо тамоми овози худ месарояд: «Раҳмат ба санои ту, раҳмат ба санои ту!!!».
Садои кафкӯбӣ толорро ба ларза меорад. Бо ҳамин минвол, овози форам ва машқҳои дилкаши навои танбӯри ин шашмақомхони номӣ солу моҳи зиёде аз радио ва оинаи нилгун садо дода, халқро шод ва рӯҳбаланд менамояд. Овози форами ҳофиз ҳатто бо мавҷи ҳаво то ба гӯши тоҷикони Афғонистону Покистон расида, онҳоро низ мафтун ва ошиқи шайдои хеш мегардонад.
Рӯзе дар яке аз маҳфилҳо муовини вазири маданияти республикаи Афғонистон Шамсиддин Сиддиқӣ бо Маъруфхӯҷа шинос шуда мегӯяд: «Оқои Маъруфхӯҷа! Мо овози шуморо аз тариқи радио шунида шод мешавем. Хушбахтам, ки ҳоло худи шуморо мебинам. Шумо на танҳо ҳофизи тоҷикони Ватани худ ҳастед, балки ҳофизи тоҷикони мулки Афғону Чин ва Покистонед. Ба шумо умри тӯлонӣ ва ба кори пуршарафи санъататон равнақу ривоҷи тоза орзумандам».
Хушхабар ва шумхабар
Моҳи октябри соли 1997 устод Маъруфхӯҷа Баҳодуровро дар назди бозори «Панҷшанбе»-и шаҳрамон вохӯрдам ва як хушхабарро барояшон расонидам, ки дар шумораи октябрии «Чархи гардун» мусоҳибаи хабарнигор бо сарояндаи маъруф Далер Назаров чоп шудааст. Ба суоли «Ҳофизони машҳур ва сабки хоси хешдошта киро меписандед?» ӯ ҷавоб додааст, ки «бузургтарин, машҳуртарин ва барҷастатарин ҳофизи асри мо Маъруфхӯҷаи Баҳодур буд, ҳаст ва мемонад».
Устод Маъруфхӯҷа Баҳодуров каме андеша карда пурсиданд:
-Ҳамин хел баҳо додааст-мӣ?.. Интизор набудам, ташаккур, ки қадри зарро заргар медонад.
Вале баъди чанд рӯз шумхабари марги эшонро шунидам. Корвони умри пурбаракати ин ҳофизи номӣ 8 ноябри соли 1997, рӯзи шанбе ба манзили охират расид.
Митинги мотам дар ҳавлиаш баргузор шуд. Дӯстон, аҳли ҳунару маърифату илм барои гусели устод омада буданд. Банда, то лаҳзаи дафн ширкат кардам. Вақте ҷасади устодро ба қабр мемонданд, шоҳии аз сафари муборак овардаашон, ки ба ҷои кафан истифода шуда буд, кушода ва рӯяшон намудор шуд. Чашмам ба он афтод, ки дар ду гӯшашон райҳон ва лаб моили табассум буд. Гумонам, ки мегуфтанд:
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.
Устод Маъруфхӯҷаи Баҳодур аз зумраи он ҳунарварони бузург ва нотакроре буданд, ки бо суруду таронаҳои дилошӯб қариб як аср инҷониб, қалби мухлисонро тасхир карда меоянд.
Ҳақ ба ҷониби Бобоҷон Ғафуров, ки Маъруфхӯҷаи Баҳодур барин ҳофизон, дар байни халқ ангуштнамоянд, такрорнашаванда ҳастанд. Сурудҳое, ки он кас бо сабки хоси хеш, ба монанди «Талқин»-и Содирхон, «Ба фидои ту», «Гулёр»-и Содирхон, «Ушшоқи Хуҷанд» мехонанд, писанди ҳамагон буд. Ҳар боре ки суруди «Гулёр»-ро хонанд, арвоҳи се мардони бузурги Хуҷанд — яке муаллифи суруд Камоли Хуҷандӣ, дигаре оҳангсози он Содирхон Ҳофизи Хуҷандӣ, сеюмин мухлиси ашаддии он Бобоҷон Ғафуров шод мешуд.
Беҳуда нест, ки хизматҳои шоистаи ин марди бузург ва меҳнатӣ аз тарафи ҳизби коммунист ва Ҳукумат қадрдонӣ шудаанд. Соли 1945 ӯ нахустин шуда унвони Артисти хизматнишондодаи республика (бо ҳуҷҷати № 1), соли 1947 унвони Ҳофизи халқии республикаро мегирад ва бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнату як қатор медалҳо сазовор мегардад.
Пешниҳод
Ба андешаи ман, ҳаёту фаъолияти Ҳофизи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон Маъруфхӯҷа Баҳодуров тадқиқоти мукаммалро мехоҳад. Ҳарчанд дар ин ҷода омӯзгори Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Рустамов рисолаи мухтасареро таҳия кардааст, рӯзгори дар Ӯзбекистон гузаронидаи эшонро касе ба пуррагӣ намедонад. Дар ин мавзӯъ борҳо ба профессор, санъатшинос Наим Ҳакимов изҳори ақида кардам. Аз афташ эшон ҳам сахт серкоранд, ки ба ин корҳо дасташон намерасад.
Ба андешаи банда, вақти он расидааст, ки ҷиҳати абадӣ гардонидани хотираи ин марди ҳунарманд андеша кунем. Зеро то ба имрӯз ягон кӯча ё даргоҳи ҳунар номи он касро надорад.
Мегӯянд, ки ансамбли мақомхонони ноҳияи Б.Ғафуров номи он касро дораду он ҳам расмӣ кунонида нашудааст. Шояд нимпайкараи эшон дар қатори дигар «Ситораҳои Хуҷанд» ҷойгир карда шавад. Охир замони зинда буданашон баробари омадани меҳмоне роҳбарони вақт он касро «Маъруфхӯҷа Баҳодуров аз зумраи шахсиятҳои бузурги Хуҷанд»-гӯён муаррифӣ мекарданд…
Усмонҷон Ғаффоров,
профессор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ