Марукян бо Пашинян созиш карданист

Роҳбари ҳизби оппозисиюни «Арманистони дурахшон» Эдмон Марукян аз сарвазир Никол Пашинян даъват кард, ки сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ Оник Гаспарянро аз кор сабукдӯш накунад. Қайд карда мешавад, ки ба ҷои ин, Марукян созишнома дар бораи интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ пешниҳод кардааст. «Мо омодаем бо сарвазир ҳама гуна санадеро имзо кунем, ки дар сурати истеъфо ва таъини интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ, мо ягон номзадро ба ин вазифа пешбарӣ намекунем ва дастгирӣ намекунем», — гуфт Марукян. Ба гуфтаи ӯ, иҷрои ин пешниҳод кишварро аз бӯҳрони дохилии сиёсӣ мебарорад. Марукян қайд кард, ки сарвазири Арманистон бояд аз амалиёт алайҳи артиш даст кашад. Ба гуфтаи сиёсатмадори мухолиф, Пашинян бо эълони ҳамоишҳои ҷонибдоронаш «дидаю дониста кишварро ба моҷаро мекашад.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *