Марворӣ Раҳимова: Китобхонӣ фарзандро хушахлоқ месозад
Меҳмони навбатии гўшаи мо модари азиз, табиби собиқадори занона, сокини ҷамоати Зиракии ноҳияи Кўлоб Раҳимова Марворӣ мебошанд.
Саволи мо ба ин бонуи солеҳа, ки умри азизи хешро сарфи саломатии занон намудааст, чунин аст:
— Оилаи солим аз назари шумо чӣ гуна аст?
— Оила як макони муқаддасе аст, ки ба як мамлакат шабоҳат дорад, он ҷо падар шоҳ ва модар вазир ҳастанд. Солимию сулҳу субот дар оила аз хиради ҳамин ду нафар сарчашма мегирад. Сиёсати падару меҳру муҳаббат ва ғамхориҳои модар оиларо солим нигоҳ медорад. Оилаи солим оилаест, ки он ҷо ҳама вазифаҳои худро медонанд ва хуб иҷро мекунанд. Гумон мекунам, ки нақши калидиро дар солим нигоҳ доштани оила модар бозӣ мекунад, зеро мардон аз пайи ғизои моддӣ мераванду маънавиёти фарзанд бар дӯши модар мемонад. Аввалин хиште, ки модар дар иморати шахсияти фарзанд мемонад, ин меҳру муҳаббат доштан ба ҳамдигар мебошад, зеро одаме, ки падару модар, додару хоҳар ва пайвандони худро дўст медорад, ба дўст доштани дигарон низ қодир аст. Дар ҷомеа метавонад мақоми хешро пайдо намояд, меҳру муҳаббат дар ботини инсонҳо раҳму шафқатро бедор мекунад. Баъд омўзонидани илму дониш, ба китобхонӣ ташфиқ намудан аст, барои хушахлоқ ба воя расидани фарзандон китобхон будани онҳо ҳатмист. Зеро адабиёти бадеӣ инсон месозад.
Чун аз хурдӣ чизҳои дар боло гуфтаамон риоя шаванд, ин оила оилаи солим мебарояд ва баъдҳо падару модар дар сояи давлати фарзандони хеш хушбахтии пирона мебинанд. Фарзанди хушахлоқ дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ низ кам хато мекунад, зеро ў одамеро меёбад, ки дар сатҳи худаш бошад. Чун фарзанд хушхулқ бошаду барои худ ҳамсари ба худаш монанд пайдо кунад, падару модар азоб намекашанд, онҳо худашон бо ҳамон хиради азалие, ки доранд, зиндагияшонро пеш мебаранд. Чун дар оилаи солим ба воя расидаанд, кўшиш мекунанд, ки ҳамон фазоро дар оилаи худашон низ фароҳам биёранд.
Агар оилаҳо, ки дар маҷмуъ ҷомеаро ташкил медиҳанд, солим бошанд, ҷомеа низ солим мешавад. Ҷомеа, ки солим шуд, пешравию ободиву дигаргуниҳо рўй медиҳанд. Имрўз бо роҳнамоии Пешвои миллат зиндагӣ дар кишвари мо рўз аз рўз зеботар мешавад, барои ҷавонон ҳама шароитҳо муҳайёст ва онҳо бояд бо шукргузорӣ пайи зиндагӣ шаванд. Кўшиш кунанд, ки кўдакони худ — миллати ояндаро дар руҳияи ватанпарастӣ, меҳнатдўстӣ, ободкорӣ, меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат ба воя расонанд. Мардуми тоҷик фарҳанги хеле волои оиладорӣ доранд. Пайравӣ ба ин фарҳанг барои ҷавонони мо ҳатмист.
Суҳбати ДИЛОШӮБ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ