«Марворид» дар вайрона: Ба пешвози 5500 — солагии Саразм?
Ҳафтаи сипаригашта тасмим гирифтем то ҳамроҳи чанд тан дӯстон сайри шаҳри зебоманзару хушбоду ҳавои Панҷакент намоем.
Чун одати дерина, ҳар ҷо, ки хонаи фарҳанг, китобхона ё зиёратгоҳе медидем, каме таваққуф намуда, аз ҳоли ин маконҳо дидан мекардем. Ҳангоми ба Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии деҳаи Ғусари шаҳри Панҷакент расиданамон биное таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуд, ки пас аз наздик шудан маълум гашт, ки ин бинои шабеҳ ба манзили истиқоматӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта Хонаи фарҳанг будааст.
Хушбахтона, пас аз дохил шудан ба бино масъулини онро, ки дар авҷи кор буданд, вохӯрдем. Яке аз онҳо худро Фурқат Мастонов, роҳбари бадеии Хонаи фарҳанг муаррифӣ карда, ба мо ишораи нишастан намуд…
Аз суҳбат бо ин марди хушзарофат маълум гардид, ки бинои фарҳанг соли 1958 ба тариқи ҳашар, бо хишти хом сохта шуда, то соли 1990 ҳамчун кинотеатр, китобхонаи бачагона ва шуъбаи фарҳанг истифода мешудааст. Вале имрӯз бинои мазкур танҳо чун китобхонаву шуъбаи фарҳанг фаъолият мекунад, ки ҳангоми тамошои толору ҳуҷраҳои он моро манзараҳои ҳузнангез сахт нигарон намуд. Фаршҳои фарсудаву деворҳои намкашидаи рехтаву кафида ва дарҳои нимкушода, ки аз корношоямӣ пӯшида намешуданд, воқеан ҳам таъби моро хира кард.
Вақте ҷиҳати таъмири он пурсон шудем, Ф. Мастонов гуфт, ки аз соли 1987 то ҳол бино аз тарафи ҳукумати шаҳр ҳамагӣ чор маротиба таъмири умумиро дидаасту халос. Соли 2002 қисми ақиби бино пурра ба замин афтид, ки боз ҳам бо хишти хом бардошта шуд ва пас аз таъмир мизу курсиҳои толор мутаассифона, дигар баргардонда нашуданд.
Бояд гуфт, ки айни ҳол, дар ин бино ду ансамбли калон фаъолият мекунад. Ансамбли фолклориву этнографии Марворид ва Ансамбли оилавии Мастоновҳо.
Ансамбли Марворид аз соли 1990 ин унвонро соҳиб буда, аз 7 – сола то 70 – сола иштирокчӣ дорад ва онро дар тамоми ҷумҳурӣ эътироф мекунанд. Дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гурӯҳҳои зерин фаъолона иштирок намуда, соҳиби як қатор ифтихорномаву дипломанд.
— Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ сеюмин ҷамоати калонтарин дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба шумор рафта, қариб 15 ҳазор аҳолӣ дорад ва тамоми барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ситораҳои машҳури санъат дар ҳамин бино баргузор мегардад, аммо мутаассифона, аз норасоии ҷойи нишаст ва харобии бино азият мекашем.
Ғайр аз чанд курсии аз қадим мондашуда боқимонда ҳама таҷҳизоту лавозимоти бинои мазкур аз ҳисоби худи кормандони шуъба харидорӣ шудааст. Ҳарчанд кӯшиши таъмир мекунем, вале деворҳои бино дигар лойю қуму хокро бардошт намекунанд. Хуб мешуд, ки дар арафаи Ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 — солагии Саразм бинои нави фарҳанг барои аҳолии ин ҷамоат месохтанд, — гуфт Ф. Мастонов.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беҳуда фарҳангро ҳастии миллат нагуфтаанд. Фарҳанг боис гаштааст, ки имрӯз халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ бо таърихи 5500-сола мешиносанду эътироф мекунанд.
Муҷиби таҳсину қадрдонии кормандони ин Хонаи фарҳанг мешуд, агар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар арафаи ҷашнҳои зикргардида биное бо тарҳи наву замонавӣ сохта медоданд, ки ин ҳам саҳм гузоштан ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мешуд.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ