Марям ба Ватан баргашт

 

Марям Шоева, як духтари даҳсолаи тоҷик  охири тобистони соли гузашта, пас аз озодсозии шаҳри Мавсили Ироқ аз дасти ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” дар шабакаҳои телевизионӣ пайдо шуд.

Ҳоло ӯ  бо кумаки Салиби Сурх ва иҷозаи мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргашт. Марям Шоева тавассути падараш ба майдонҳои ҷанги Ироқ бурда шуда, дар як бомбаафканӣ дар Мавсил волидон ва хоҳару додаронашро аз даст додааст. Қаблан мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буданд, ки дипломатҳои тоҷик дар самти баргардондани кӯдакон бо ҳамкорони ироқиашон ҳамкорӣ мекунанд. Марям духтари Ҷамолиддин Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки ҳамроҳи ҳамсараш Садбарг Шомирзоева, сокини Душанбе ва чаҳор тифлаш соли 2016 бо қасди Миср Тоҷикистонро тарк кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, баъдан хабар ёфтанд, ки онҳо ба Ироқ рафта, тифли панҷумашон дар он ҷо таваллуд шудааст. Навори Марями 10-сола бори аввал моҳи августи соли гузашта тавассути шабакаи телевизионии “Russia Today” аз як паноҳгоҳе дар Ироқ пахш шуд. Дар он навор Марям бо забони русӣ мегуфт, ки аз Тоҷикистон аст ва аз пайвандонаш хоҳиш дошт, ӯро ба ватан баргардонанд. Нимаи моҳи феврали имсол навори дигаре аз ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки бо забони тоҷикӣ аз тағояш бо номи Саид хоҳиш дошт, бо ӯ тамос бигирад. Ин навраси тоҷик пас аз озодсозии шаҳри Мавсили Ироқ дар Бағдод, дар паноҳгоҳе ҳамроҳи кӯдакони дигар аъзои ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мегардид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *