Марям Исоева: 65 сол хизмат кардан осон нест!
Бахшида ба 65-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 85-солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Марям Исоева дар Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода маҳфили эҷодии ҳунарпеша баргузор мешавад.
65 сол дар саҳна
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева 85-сола шуд. Ин ҳунарманди маҳбуб, ки чун модари саҳнаи тоҷик эътироф гардидааст, 65 сол боз рӯйи саҳнаи ҳунар бо нақшҳои мондагораш ҷилва мекунад.
Дар арафаи ҷашни мавлудаш ба суроғи ӯ ба Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рафтем. Марям Исоеваро дар пардозхона пайдо кардем.
— Имрӯзҳо хеле серкорам. Дар намоиши нави театр тамрин мекунам, ба шаби эҷодӣ омодагӣ мебинам, китоби навамро ба чоп омода мекунам, бо журналистон мусоҳиба меороям, дар сабти филми ҳуҷҷатӣ банд ҳастам…
Марям Исоева аз он гиламанд аст, ки барои таҷлили мавлудаш фақат худаш такудав дорад.
— 65 сол хизмат кардан ба санъат кори осон нест. Дар дигар кишварҳо, барои мисол дар Русия мавлуди ҳунармандон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Барои ин кор як гуруҳ ҷалб мешаванд. Дар мо чӣ? Таҷлили мавлуд иҷозат нест. Шаби эҷодиро иҷозат медиҳанд, ки онро низ бояд худи ҳунарманд ташкил кунад. Ҳоло ман тамоми корро барои шаби эҷодӣ худам карда истодаам.
Ёди рӯзгори ширин
Марям Исоева аз тобонтарин ситораҳои ҳунари тоҷик аст. Нақшҳои рангину нотакрораш имрӯзҳо дар дили тамошобин ҷойгоҳи махсус доранд. Махсусан, дар иҷрои нақши модарон маҳорати том дорад.
— Тақдир маро ба ҳунар пайваст, зеро ба пайроҳаи пурпечутоби санъат қадам мондани ман ногаҳонӣ буд. Ман аз ибтидо мехостам ҳуқуқшинос шавам, зеро фанҳои гуманитариро ҳини мактабхонӣ дӯст медоштам. Чун хабар ёфтам, ки дар Донишкадаи кинематографияи шаҳри Москва қабули ҳуҷҷатҳо шуруъ шудааст, хостам худамро санҷам. Ҳамин тавр, ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи сенариянависӣ супорида, донишҷӯ шудам. Яъне актриса шудан дар хаёлам набуд. Аммо… Дар даҳлези донишкада маро профессор Олга Пижова дида, кӣ буданамро мепурсад. Мӯйҳои майдбофии дароз, куртаи атлас ва қаду қомати ман ба ӯ писанд меояд. Чун мефаҳмад, ки тоҷикистонӣ ҳастам, маро ба гуруҳи актёрии Донишкадаи санъати театрии ба номи А. В. Луначарский даъват кард. Ҳамин тавр, донишкадаро бо Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳошим Гадоев, Фотима Ғуломова, Тамара Абдушукурова, Тӯрахон Аҳмадхонов, Мая Камолова… хатм карда, инак 65 сол мешавад, ки сарнавиштам ба санъат сиришта аст.
Дар ҳалқаи шогирдон
Марям Исоева мегӯяд, ки ифтихори ӯ шогирдонаш ҳастанд:
— Ман 45 сол аст, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дарс мегӯям ва шогирдони зиёдеро тарбия кардам.
Шогирдони ман 40 нафаранд, ки дар рушду нумуъи санъати тоҷик талош меварзанд. Аз байни онҳо 15 нафар Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, беш аз 20 нафар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва 2 нафар Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ҳастанд, ки бо онҳо ифтихор мекунам. Аз миёни шогирдонам беҳтаринаш Аловиддин Абдуллоев буд, ки ҷавонмарг шуд…
Марям Исоева мегӯяд, ки шогирдони ӯ давомдиҳандаи кору пайкораш ҳастанд ва ҳар коре, ки дар ҳунар ӯ имкон наёфт кунад, онҳо дар амал татбиқ карданд.
Хумори саҳна
Бо вуҷуди он ки Марям Исоева ҳамоно бардаму солим ва дар авҷи фаъолияти эҷодӣ қарор дорад, вале мухлисонаш шиква мекунанд, ки ҳунарманди маҳбубашонро кам дар саҳна мебинанд.
— Ба саҳна кам ё зиёд баромадани мо ба коргардонҳо вобаста аст. Солҳои охир коргардонҳо асарҳои хурдро мегиранд, ки дар он 4-5 нафар аз “гуруҳ”-и худашон банд мешаванду халос. Гоҳо мо ба ёдашон мерасем. Илова бар ин, намоишҳое, ки ман банд ҳастам, кам ба саҳна гузошта мешаванд. Бинобар ин, ман солҳои охир камтар ба саҳна мебароям.
Вале Марям Исоева ба мухлисонаш муждаи нек ҳам медиҳад.
— Чанд вақти охир саррежиссёри театрамон Султон Усмонов як асари хуби мазҳакавӣ — “Хоҳ биёӣ, хоҳ наё”-ро таҳия кард. Дар ин спектакл яке аз нақшҳои марказиро ман иҷро мекунам. Спектакли хеле хуб аст. Мухлисонамро ба тамошои он даъват мекунам.
Шукрона
Марям Исоева мегӯяд, ки вақте аз қуллаи 85-и умраш ба қафо менигарад, аз зиндагии хеш розӣ аст.
— Ман шукр мегӯям. Ба он хотир, ки дар беҳтарин мактаби ҳунарӣ таҳсил кардам, дар давраи тиллоии театру кинои тоҷик беш аз 150 нақши мондагор иҷро кардам, беҳтарин шогирдонро тарбия намудам ва ба ин васила барои рушди санъати тоҷик нақши худро гузоштам. Дар корҳои ҷамъиятӣ дар ҳайати Кумитаи Сулҳ ва Ҷамъияти “Дӯстӣ” фаъол будам ва барои рушди кишварам талош кардам.
Марям Исоева мегӯяд, ки аз гузашти умр афсӯс мехӯрад ва суҳбатро бо ин мисраъҳои дӯсташ Лоиқ Шералӣ ҷамъбаст мекунад:
Хазонрезу хазонрезу хазонрез,
Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез?
Чаро одам надонад қимати умр?
Чаро ночиз гардад аз пайи чиз?
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ