Марям Исоева: Хушдоманҳо домодро дӯст медоранд, вале бо келин….
Марям Исоева аз зумраи он ҳунармандони ангуштшумори тоҷик мебошад, ки номашонро бо ҳарфҳои тиллоӣ метавон дар китоби таърихи фарҳангу санъати миллат сабт намуд. Ин ҳунарманди асил барои театр, кино, телевизион ва дар маҷмӯъ рушду нумӯи санъати тоҷик он қадар хизматҳои бузург ва арзанда кардааст, ки дар вафсаш як не, садҳо китоб иншо намоянд ҳам, кам аст. Вақте ки модар мегӯем, пеш аз ҳама симои малакутии Марям Исоева пеши назар меояд, зеро беш аз 50 сол аст, ки ин ҳунарманди асил дар саҳна образи зан-модари тоҷикро меофарад. Модари меҳрубон, фидокор ва муборизе, ки барои фарзандонаш ба ҳама гуна корнамоӣ қодир аст ва зарур шавад, худро ба дами шамшер мезанад.
Азбаски ин зани сар то по ҳунар иродаи бениҳоят қавӣ ва чеҳраи ашрофона дорад, бисёриҳо гумон мекунанд, ки гарди ғам аслан ба рӯяш нанишаставу дар умраш боре ҳам дарду ранҷро надидаааст, вале дар асл ин тавр нест. Ҳаёту зиндагии Марям Исоева пур аз фоҷиаҳои талх, дарднок ва ҷигарсӯз аст. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева бори аввал дар барномаи “Пайроҳаи зиндагӣ” аз куштори ваҳшиёнаи духтар, домод ва набераи 5-солааш дар як рӯз, аз хиёнату душманиҳое, ки дар ҳаққаш карданд, аз он ки чӣ тавр баъзеҳо бо қасди куштани ин зани ҳунарманд бо БТР, БМП ва дигар мошинҳои зиреҳпӯш ба хонаи Марям Исоева меомаданд, нақл карда, ҳамзамон назарашро дар боби оилаву оиладорӣ ва сабабҳои бо ҳамдигар созиш накардани келину хушдоман нақл мекунад.
Мо пораеро аз суҳбати Марям Исоева манзури шумо месозем, шакли пурраи барномаро бошад, метавонед дар ютуб-канали Оила. ТЧ тамошо кунед.
Марям Исоева:
Маро чанд бор куштанӣ шуданд!
-Шумо чеҳраи ашрофона доред, бар замми ин, ба синну солатон нигоҳ накарда, ҳамеша ороставу пероста ҳастед. Аз ҳамин сабаб, бисёриҳо гумон мекунанд, ки Марям Исоева зиндагии шоҳона дорад ва чӣ будани ғаму дардро намедонад…
—Дар асл ман як муҷассамаи дард ҳастам, вале муҷассамаи сангине, ки аз чашмонаш қатра-қатра ашк мерезад. Ҳаёти ман пур аз фоҷиаҳои ҷигарсӯз аст. Боварии комил дорам, он рӯзҳои сахтеро, ки ман аз сарам гузаронидам, агар каси дигар мебуд, шояд аз ақл бегона мешуд, аммо меҳру муҳаббати мардум, яъне мухлисонам ба ман кӯмак кард, ки дубора ба по бархезам.
—Вақте ки духтаратонро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд, дар байни мардум ҳар хел миш-мишҳо пайдо шуданд, ки гӯё ин як навъ қасос аст. Шумо як шахси фарҳангӣ, эҷодкор ҳастед. Кӣ метавонист аз Шумо интиқом бигирад ва барои чӣ?
-Дар асл ман солҳои зиёде дардамро дар қафаси синаам зиндон карда, аслан ин чизҳоро гуфтанӣ набудам, вале…
—Шумо худатон дар як намоишномаатон мегӯед, ки ҳақиқат ин адолат аст ва бояд гуфта шавад…
—Магар ин гапҳоро гуфтан мумкин аст?
—Чаро не?! Мардум бояд бидонанд, ки сулҳу ваҳдати мо бо чӣ қиммати гароне ба даст омадааст ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева чӣ рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронидааст….
-Дар ҳақиқат солҳои ҷанги бародаркуш як бор не, чандин маротиба маро куштанӣ шуданд. Мо дар маркази шаҳр, дар назди Иттифоқи нависандагон зиндагӣ мекардем ва қариб ҳар рӯз бо БТР ва мошинҳои зиреҳпӯш маро кофтанӣ меомаданд. Ҳамсояҳоям мегуфтаанд, ки Марям Исоева аз ин ҷо кӯчида, ба Ленинобод (вилояти Суғд) рафтанд. Раҳматӣ Нурулло Ҳувайдуллоев он вақт вазири КГБ буданд, вақте фаҳмиданд, ки маро куштаниянд, ба хонаам 2 нафар яроқдорро посбонӣ фиристоданд. Онҳо дар хонаи кӯдакон хоб мекарданд, ман бошам, ҳамроҳи падару модари пир ва се фарзандам дар хонаи дигар хоб мерафтем…
—Рӯзе, ки духтаратон-Гулнозро душманон ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд, Шумо дар куҷо будед?
-Оҳ, ин ҷигарсӯзтарин дарди ман дар зиндагист. Дарде, ки мисли сӯҳон як умр қалби маро аз дарун мехарошад ва хуншор месозад. Тафсилоти он рӯзи ваҳшатнокро нақл кардан бароям бениҳоят душвор аст. Фақат ҳамин қадарашро мегӯям, ки агар қаҳрамони офаридаи ман-Таҳмина аз “Рустам ва Суҳроб” хабари бо дасти падараш кушта шудани Суҳроби паҳлавонашро шунида, фиғонаш ба фалак печида бошад, ман дар як рӯз се ҷигарбандам-духтарам, домодам ва набераяки 3-солаамро аз даст додам. Як оилаи ҷавон, ки ягон гуноҳ надоштанд, ба дасти чанд бехирад дар як лаҳза ба таври ваҳшиёна кушта шуданд. (Мегиряд)
—Ман узр мехоҳам, ки ба захмҳои хуншори дили шумо нохун зада, боиси нороҳатиатон гаштам. Биёед, беҳтараш дар боби оилаву оиладорӣ суҳбат мекунем. Дар як намоишномаи телевизионӣ шуморо писар ва келинатон бурда, дар хонаи бепарасторон мемонанд ва аз паси мошини писаратон давида меафтед. Солҳои охир келинҳо аз хушдоман меноланд, хушдоманҳо аз келин норозигӣ мекунанд. Сабаби инро дар чӣ мебинед?
—Хушдоманҳо домодро дӯст медоранд. Хеле кам ҳолатҳое мешаванд, ки хушдоман аз домод норозӣ бошад, вале худи дуо рафтагӣ барин, бо келин муносибати гарм надоранд. Аз замонҳои қадим ҳамин тавр буд ва то имрӯз идома дорад. Чаро чунин мешавад? Чунки хушдоман, яъне модар фарзандашро, писарашро аз ҷонаш бештар дӯст медорад. Вай мехоҳад, ки келинаш барои писараш мисли худаш меҳрубон, дилсӯз ва ғамхор шавад. Вақте мебинад, ки келин писарашро ҳурмату эҳтиром намекунад, нописандӣ мекунад ё ягон ҳунар надорад. На пухта метавонад, на дӯхтаву на шуста, вале боз дағдаға мекунад, албатта асабонӣ мешавад, чунки хушдоман дар симои писараш мулкашро ба келин месупорад. Барои он ки чунин ҳолат рӯй надиҳад, духтаронро аввал ба оиладорӣ тайёр карда, баъд ба шавҳар додан лозим аст. Моро модар ва бибиҳоямон дар вақташ аз кӯдакӣ ба оиладорӣ тайёр карда, тамоми кору бори рӯзгорро ёд медоданд.
-Магар хушдоман наметавонад роҳу равиши зиндагиро ба келин нишон дода, ӯро чуноне, ки худаш мехоҳад, тарбият намояд?
-Медонед, ҳамааш аз он вобастагӣ дорад, ки духтар дар чӣ гуна муҳит тарбият ёфта, ба воя расидааст. Келин, агар худаш нахоҳад, хушдоман сад бор кору бори хона ва роҳу равиши зиндагиро ба ӯ ёд диҳад ҳам, ягон мурод ҳосил намешавад. Хоҳиш бошад, албатта ҳама корро оҳиста-оҳиста ёд гирифтан мумкин аст, вале мушкилӣ дар он аст, ки аксари ҷавонҳои имрӯза бисёр бетоқат ҳастанд. Дар вақташ мо тамоми кору борро дастӣ мекардем, имрӯз чӣ? Қариб ҳама корро техника мекунад, вале занҳои ҷавон боз норозӣ ҳастанд. Дар вақташ либоси аз ҳама зеборо мо, ҳунармандон мепӯшидем, имрӯз бошад, ба либосҳои пур аз симу зари занҳои хонашин бо ҳавас менигарем, вале бо ин ҳама серию пурӣ боз ношукрӣ мекунанд. Аз шавҳар бисёр талаб мекунанд ва ҳамин, ки чизе ба табъи дилашон нашуд, дарҳол моҷарою қошу қавоқ сар мешавад. Чуноне, ки шогирди дӯстдоштаи ман худораҳматӣ Аловиддин Абдуллоев дар як саҳнааш намоиш медиҳад, агар зан, вақти табъи шавҳараш нохуш будан ба даҳонаш пудина гирад, дағал карда бигӯем, “зунукаша гирад” ҷангу ҷанҷол намешавад, вале афсӯс, ки…
-Барои пойдор мондани оила ҷавонон бояд чӣ кор кунанд?
-Барои пойдор мондани оила зану шавҳар бояд ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд ва иззати калонсолон, яъне хусуру хушдоманро ба ҷо оранд. Камтар айбҷӯӣ ва моҷаро кунанд. Раҳматӣ бибиам мегуфтанд, ки якрӯза ҷанҷоли зану шавҳар 40 рӯз файзу баракати хонадонро мепаронад. Албатта баъзе мардҳо ҳам бисёр миҷинг ҳастанд ва аз ҳад мегузаронанд, чуноне, ки дар як саҳнаи бозидаи ману Убайлулло Раҷаб аст. Дар он саҳна Убайдулло нақши шавҳари маро бозӣ карда, бо сергапию миҷингиаш маро ба мурдан мерасонад. Мутаассифона, чунин мардҳо имрӯз ҳам бисёранд, вале дар ҳар ҳолат зан бояд сабур бошад, зеро ҷудо шудани оила зарбаи бениҳоят сахт аст, махсусан барои кӯдакон, чунки онҳо аз меҳру муҳаббати падару модар бенасиб мегарданд. Вақте ки аз шавҳар ҷудо мешаванд, аксари занҳо қасдашонро аз фарзандонашон гирифта, кӯдакони бегуноҳро баҳудаю беҳуда мезананд. Ин бисёр чизи бад аст. Барои он ки чунин нашавад, ҳам зан ва ҳам шавҳар бояд дурандеш бошанд ва ба хотири фарзандонашон гуноҳу хатои ҳамдигарро бахшанд. Боқӣ ба ҳама саломатӣ ва хушбахтӣ мехоҳам.
Ф. Сатторӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ