Марям Исоева: Сахт ранҷидаам
Мо ҳамагӣ чанд нафар мондем, магар эҳтироми мо душвор аст
-Тамоми умр ба муқобили ноадолатӣ мубориза бурдам… Аммо танҳо… танҳои танҳо, танҳои бемуттако… танҳою бо Худо… танҳою бо фарҳанг… танҳою бо санъат… танҳою бо саҳна… Боре оҳ нагуфтам, пеши касе сар хам накардам, ғурурамро нашикастам… Дарун-дарун сӯхтам, бирён шудам, аммо шикоят накардам… Фарзандонамро куштанд, хонаамро ғорат карданд, бӯтонсароямро ба яғмо бурданд, борҳо мурдам, аммо аз нав зинда шудам… Шукр, Худо ба имрӯз расонид. 80 – сола шудам. Шогирдон –фарзандони зиёде тарбия кардам, даҳҳо Ҳунарманди халқӣ, 6 саррежиссёр, 4 нафар барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ, аммо…
Дар чашмони модари саҳна ашк ҳалқа мезанаду сукут ҳуҷраи пардозхонаро фаро мегирад. Дар ду тарафи пардозхона, ки ба Марям Исоева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва шогирдаш Мастураи Ортиқ таалуқ дорад, ду оинаи сеқабата гузошта шудааст. Ҳуҷра толори оинаҳоро мемонад… Ман аз ҳар як табақаи ин оина Марям Исоеваро мушоҳида мекунам, ҳаракаташро, мимикаи гуфторашро, паузаи таҳтонии бомаъниашро… дардашро, ашкашро, дарун-дарун сӯхтанашро, аз нав эҳё шуданашро, хурсандиву шодиашро. Гӯё дар шаш табақаи оина шашсад Марям Исоеваро мебинам…
-Имрӯз – сукути ҳуҷра халалдор шуд ва диққатам ба Марями аслӣ, Марями ягона, ки дар рӯ ба рӯям аст, ҷалб гардид, — ҳамаро мегӯям… шикоят не, ҳақиқатро…
Шахси сеюм ва масҷиди ҷудоӣ
РУҶӮИ АВВАЛ: Моҳи феврали 1990 дар таърихи Тоҷикистон сарнавиштсоз аст. Баъд аз бозсозӣ майдонбароӣ оғоз гардиду вазъияти ҷумҳурӣ муташанниҷ шуд. Аввалин маротиба маҳз моҳи феврали соли 1990 шиллики автомат дар фазои Душанбе шунида шуд. Дар таърих онро «Баҳманмоҳи хунин» ҳам мегӯянд. Санаҳои 15-16 –уми ҳамин моҳ Пленуми 17-уми ғайринавбатии КМ ПК Тоҷикистон бо роҳбарии Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов ва иштироки Борис Карлович Пуго, ки як муддат вазири корҳои дохилии СССР ва дар ГКЧП соли 1991, яке аз табаддулотчиёни асосӣ буд, бо ҷӯшу хурӯш баргузор мегардид. Баъди баромади вакилон Қ.М. Маҳкамов –Котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пурсид: — «Боз кӣ баромад кардан мехоҳад?». Аз зал Марям Исоева даст бардошт.
М. Исоева ба трибуна наздик шуд ва аз бесарусомоние, ки дар ҷумҳурӣ, рӯзҳои охир ба вуқӯъ пайваст, изҳори нигаронӣ кард. Нуктаи муҳими нутқи ӯ дар мавриди даст доштани «тарафи сеюм» дар ҳодисаҳои Тоҷикистон буд.
М. Исоева: — …Маро тарафи сеюм ба ташвиш гузоштааст. Ин ҷо намояндаи ҳукумати мо, инчунин намояндаи ташкилотҳо нишастаанд, аммо симои даҳшатовари тарафи сеюм пушти парда пинҳон аст ва ин ҷо ҳузур надорад. Аммо ин шахси сеюм аллакай, ба таври фаврӣ ба амал гузаштааст. Ман борҳо ба қабули Раҳмон Набиевич ва Қаҳҳор Маҳкамович омадам ва дар мавриди идеология, фарҳанг, театрҳо суҳбатҳо намудам, ҳол он ки ин вазифаи ман нест, ман вазир нестаму касе ҳам. Аммо ман хуб медонистам, ки гумонам бо мурури замон ба бадбахтии калон меанҷомад. Барои чӣ дар кишвари мо… ба ҷойи сохтану пеш бурдани театрҳо, клубҳо ва китобхонаҳо бо чунин суръат масҷидҳо бунёд мегарданд? Бубинед, мардуми мо имрӯз барои бунёди масҷидҳо пулҳои калон медиҳанд. Чаро кишвари мо ба ҳолате омад, ки имрӯз мебинем?
(Внеочередной 17 пленум ЦК Компартии Таджикистана
15-16 февраля 1990 г. (Стенографический отчет).
–Душанбе: Ирфон, 1990. – 136 с. стр. 70)
Мубориза бо ҳайкал ҷаҳолат нест?
РУҶӮИ ДУЮМ: 23 сентябри соли 1991. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш Тоҷикистон чун себ аз сабади бузурги СССР берун афтод ва Истиқлолият ба даст овард. Аммо вазъияти ҷумҳурӣ ноором буд. Издиҳоми мардум ба сангарҳо ҷудо шуда, майдоннишинӣ мекарданд. Дар ҳамон рӯз ҳайкали доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленин дар маркази шаҳри Душанбе афтонида шуд. Ин саҳна тариқи телевизион мустақим пахш мегардид. Чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ва ҳатто онҳое, ки ба Ленин асарҳо бахшида буданд, дар атрофи ҳайкали сарозери ӯ гирд омада, яке андуҳгин буду ҷаноза мехонд, дигаре хурсанд буду нафрин мекард… ҳатто нафаре ба чеҳраи Ленин нос туф карда буд. Марям Исоева, ки солҳо аъзои Ҳизби коммунист буд, тариқи телевизион ин ҳодисаи нангинро диду ором нишаста натавонист ва худашро ба майдон зад…
-Ленин 70 сол доҳии мо буд. Мо бо идеяҳои ӯ зиндагӣ намудем, хондем, республикаамонро обод кардем. Дар хонаи касе тифл таваллуд мешуд, лӯлакро аввал ин ҷо меовард, навхонадорон зери ин ҳайкал аҳди вафо мебастанд… Чӣ шуд? Магар мо-тоҷикон чунин ҳадношинос шудем, магар мубориза бурдан бо ҳайкал ҷаҳолат нест? – нутқи обдоре кард, Марям Исоева он рӯз дар назди ҳайкали Ленин, ки ҳақирона дар замин мехобид…
-Хуллас, — баъди 26 сол он рӯзҳоро ба ёд оварда — мегӯяд Марям Исоева, — нутқи ман дар пленум ва ҳимояи ман аз Ленину интиқодам аз гурӯҳҳои тундгаро ба онҳо маъқул нашуд ва маро куштанӣ шуданд. Ҳамсояҳоям, ки ҳама вазирону мансабдорони давр буданд, мегӯянд, ки ҳатто чанд маротиба бо БТР барои куштани ман меоянд. Онҳо мегӯянд, ки Марям Исоева нест, ба кадом шаҳре баромада рафт… Нурулло Ҳувайдуллоев, Худо раҳматашон кунад, эшонро ҳам куштанд, ду нафар силоҳдорро барои муҳофизати ману фарзандонам ва падару модари 90-солаам доданд… Ман он солҳо дар хатар зистам…
Қатли духтар, набера ва домод
-Шояд сабаби қатли духтару набера ва домодатон дар он солҳо ба ҳамин муборизаҳоятон рабт дошта бошад? Медонам, ин ҳодисаи мудҳиштарини ҳаёти шумост… Борҳо ҳам гуфтаед, ки нақл карданаш бароятон сангин асту намак пошидан ба қалби захмиатон…
— Гумон намекунам, ки қатли духтарам ба ин рабт дошта бошад. Албатта, баъзеҳо инро ҳам гуфтанд. 17 январи соли 1995. Он рӯз сахт бемор будам, табам баланд, қувватам кам, пойҳоям бемадор. Бо вуҷуди ин қалбамро ваҳм зер карда буд. Гӯё гургон диламро тала мекарданд. Ҳамон рӯзҳо Даҳаи адабиёт ва санъати Қирғизистон дар Тоҷикистон мегузашт. Ман дар театр қариб дар ҳама спектаклҳое, ки аз рӯйи асарҳои Чингиз Айтматов ба саҳна гузошта шуда буд, нақш офаридаам. Бинобар ин, субҳ занг зада, маро ба телевизион даъват карданд. Гарчанде бемор буданамро гуфтам, исрор карданд, ки биёед, аввал шуморо сабт мекунему ҷавобатон медиҳем. Ноилоҷ рафтам. Баъди сабти барнома, ният доштам ба хонаи духтарам, Гулнозҷон, ки дар маҳаллаи Профсоюз воқеъ буд, равам. Ҳамон рӯз дар толори Кохи Борбад консерти Саттор –ҳунарманди маъруфи эронӣ буд. Ҳамроҳонам маҷбур карданд, ки якҷоя ба консерт равем. Гарчанде баҳона пеш меовардам, аммо нагузоштанд. Бо гардани баста, маҷбуран ба консерт рафтем. Саттор бисёр зебо месарояд, аммо ман бетоқат, вуҷудам месӯзад… намешунавам, ки чӣ мехонад. Вақте ровӣ эълон кард, ки суруди «Гулноз» сароида мешавад, ашк беист аз чашмонам ҷорӣ шуданд… Таб кардану, бетоқатӣ ва гиряи ман ин огоҳӣ аз марги ҷигарбандам будааст… Вақте аз консерт баромадем, борони сахт меборид, замин кафидаасту одам баромадааст. Бемориам хурӯҷ кард, базӯр хона омадам. Як ҳафта ман дар хона бемор, як ҳафта ҷасади фавтидаи Гулнозу шавҳараш ва наберачаам дар пушти дарҳои қулф дар хона… уффффффффф…
-Шумо чӣ тавр аз марги онҳо огоҳ шудед?
-Оҳҳ… Мо як ҳафта онҳоро кофтем. Баъдан маълум шуд, ки қотилонро ҳамсояаш роҳбаладӣ мекардааст. Вақте занги дарро пахш мекунанд, онҳо садои ҳамсояро шунида, дарро мекушоянд ва силоҳдорон даромада, онҳоро мепарронанд. Виҷдони як ҳамсояи русаш тоқат накарда, ба ман занг зада гуфт: «Марям Неъматовна, аз хонаи духтаратон садоҳои гуногун омад, гӯё ҷевон афтид… баъд… садои тир…». Дилам гӯё аз кор монд… Зиндагӣ бароям тамом шуд, ҳаётам дигар маънӣ надошт. Баъди ин тӯли як сол 12 нафар пайвандонамро ба хок супоридам. Баъди ин хонаамро дузд зад. Хонаамро ғоратгарон титу порешон карда буданд. Портретҳоямро дарронида, пора карданд, чашмҳоямро кӯр карданд, кӯзаҳоямро шикастанд… Як сол ман аз хона набаромадам ва касе ҳам аз ҳолам хабар намегирифт. Баъди як сол модароне, ки мисли ман дар ҷанги бародаркуш фарзандонашонро аз даст дода буданд, назди ман омаданд ва ҳоламро пурсидаву гуфтанд: «Ту ба хотири мо зиндагӣ кун. Агар ту бимирӣ, мо ҳам мемирем. Бас танҳоӣ, бас узлатнишинӣ. Ту зиндагӣ кун, то мо туро дида, зинда бимонем…». Ҳамин тавр, қоматамро рост кардам, зиндагӣ кардам…
-Марям Неъматовна, он солҳо аҳли зиёи мо села-села аз Ватан рафтанд. Ба шумо таҳдидҳо зиёд буд, аммо чаро ба хориҷи мамлакат нарафтед?
-Рафтанӣ будам. Ба Ӯзбекистон. Инро бори аввал ба шумо мегӯям…
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо як Марям дорем!»
РУҶӮИ СЕЮМ: Соли 1995. Баъди ҳодисаҳои мудҳиши ба сараш омада, Марям Исоеваро ҳамкасбонаш аз театрҳои Русия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои кору зиндагӣ даъват мекарданд. Билохира ӯ барои ҳиҷрат ба Ӯзбекистон розигӣ дод…
-Театри «Ҳамза»-и Тошканд, ҳамеша мехост, ки маро аз Тоҷикистон барад. Дар спектакли «Улуғбек» нақши Ситора, дар «Бой ва хизматгор» нақши Ҷамиларо пешниҳод карданд, аммо рад кардам. Аз театри мо спектаклҳои «Гавҳари шабчароғ» ва «Иродаи зан»-ро гирифтаву маро боз даъват карданд, аммо боз ҳам рад кардам. Аммо вақте фарзандонамро куштаву маро ғорат карданд, қарор додам, ки ба Ӯзбекистон равам. Ба хотире, ки рафтани маро хиёнат ба Тоҷикистон маънидод накунанд, ба назди Раиси Шӯрои Олӣ, имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рафтам…
Дар ҳуҷраи Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонови ҷавон, ки зимоми идораи давлати нооромро ба даст гирифта буд, Марям Исоева афсурдаву сархам бо чеҳраи маҳзуну ҷигари садпора менишаст…
-Ман дигар ин ҷо зиста наметавонам — фарзанди азиз, – муроҷиат кард ӯ ба Раиси Шӯрои Олӣ, – эътимод дорам, шумо корро аз сулҳ сар кардед, муваффақ мешавед, иншооллоҳ. Аммо ин ҷо маро азият доданд, ғорат карданд, фарзандонамро куштанд, худамро куштанианд. Бинобар ин, ман меравам ба Ӯзбекистон… барои ҳамеша… рафтанамро хато нафаҳмед…
Эмомалӣ Раҳмони ҷавон, ба суханони ҳунарманди машҳуре, ки имрӯз гирифтори ғурбат буд, нигарист ва аз ҷояш хесту дасташро ба сари ӯ гузошта, сила кард:
-Мо як Марям дорем… ва ӯро ба ҳеҷ кас намедиҳем… Ҳеҷ ҷо наравед, барои эҳё, барои ба сулҳ расидани ин давлат мо ба шумо ниёз дорем…
-Ӯ баробари фарзандам аст, – ба ёд меорад, Марям Исоева, – аммо сарамро сила кард, ман беист ашк мерехтам. Ба назди сейфаш рафта, аз он як даста пул баровард. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, як даста панҷсомонаи нав, ки ҳамон сол ба муомила баромада буд. Пулро ба наздам гузошту гуфт: «Барои аввал». Рад кардам.
-Гиред, ин аз маошам, пули ҳаққу ҳалол коркардаи худам. Ман писари шумоям, аз фарзандатон қабул кунед…,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
— Ҳамин тавр ман нарафтам. Чӣ тавр чунин мардум, муҳаббати чунин Президентро партофта мерафтам? Ҷаноби Олӣ маро ҳамеша дастгирӣ карданд. Маҳз муҳаббати эшон буд, ки ман ин ҳама сол ба ноадолатиҳо мубориза бурдам. Эшон баъди соҳибистиқлолӣ ба ман Ордени Шараф, «Дӯстӣ», Медали 20-солагии Истиқлолиятро доданд. Ҳамон рӯзе, ки суҳбатамон шуд, Президент аз ман пурсиданд, ки чӣ хоҳиш дорам? Ман ҳам гуфтам, ки мехоҳам Маркази маданият ва маърифати кӯдакона бунёд намоям. Эшон розигӣ доданд. Ҳамин тавр, идеяи сохтани «Гули умед» пайдо шуд, ки баъди 12 соли фаъолият бо фиребу тақаллуб онро аз ман гирифтанд ва барҳам доданд. Маро – модарро бори дигар аз кӯдаконам ҷудо карданд, ба аризаҳоям ҷавоб надоданд, қабул накарданд…
Қароргоҳи Раҳмон Гитлер ва қасди таҷовуз
— Шумо дар ду давра ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам имрӯз яке аз машҳуртарин ҳунармандон ҳастед. Илова бар ин, ҳамеша машғулу гирифтори коре. Баромадҳо, телевизион, радио, театр, донишгоҳ, кино… Бигӯед, чӣ тавр истироҳат мекунед?
— Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ аз километри 9-уми шаҳри Душанбе як қитъа замин гирифтам. Шӯрои Олӣ он заминро дар мавзеи зебое ба ман ҷудо кард. Аз Ҳукумат кумакам карданду аз беҳатарин масолеҳ хона сохтем. Дар ҳавлиаш боғе зебое бунёд шуд. Он солҳо як ҳамсояи русам баъди маргаш васият карда, ҳавлиашро ба ман фурӯхтанӣ шуд ва бо маблағи арзон онро ба духтарам – Гулнозҷон харидорӣ кардем. Ҳамин тавр, модару духтар ду боғи зебову ду ҳавлии барҳавое доштем. Ба қадри имкон он ҷо рафтаву кору истироҳат мекардам. Аммо вақте ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, дар ҳамон мавзеъе, ки ҳавлиҳои мо буд, Раҳмон Гитлер қароргоҳ гирифту он ҷо рафтан ғайриимкон шуд… Баъди чанд сол равам… аз ду ҳавлӣ ба ҷуз қитъаи замин чизе боқӣ намондааст. Аҳолии он ҷо, бо вуҷуди он, ки маро мешинохтанд, маро ғорат кардаанд… Ана чунин рафторҳо шуд нисбат ба мани модар… Чандин сол пеш чашмам ба мақолаи Сафармуҳаммад Аюбӣ бо номи «Миллати бузуркуш» афтод. Баробари дидани сарлавҳа ларзидам… Исҳоқиро кӣ кушт? Осимию Ғуломов чӣ гуноҳ доштанд? Даҳҳо бузурги дигар аз дасти кӣ мурд? Ман ҳам як чӯҷаяк будам, агар инояти Худованди бузург намешуд, кайҳо маро ҳам мекуштанд…
Албатта, дар баробари ин дӯстоне ҳам дорам, ки дастгиру мададгори ман ҳастанд. Онҳоро мисли фарзандам медонам, аммо намехоҳанд, ки номашонро аз минбарҳо гӯям. Фақат ташаккур мегӯяму дуо мекунам…
Сатҳи театр? Тақару туқур… шоу-барнома
-Мо дар бораи фоҷиаҳое, ки ба сари шумо омада буданд, сухан гуфтему театрро фаромӯш кардем. Шумо устоди санъат ҳастеду ҳуқуқи баҳо доданро доред. Вазъи театрҳои мо дар кадом ҳолат қарор дорад?
-Вазъи театрро аз саррежиссёр пурсед. Аммо мутаассифона, солҳои охир сатҳи театрҳои мо, ман на ҳамаи Тоҷикистонро дар назар дорам, поён рафтааст. Лекин театри мо театри академӣ-драмавист ва бояд бо касбияти хоса фарқ кунад. Мутаассифона, инҳо намоишномаҳои сабукеро интихоб мекунанд, ки аз се-чор нафар иборат буда, тақарутуқури холисту шоу-барнома. Дар як сол ақаллан як спектакли калони классикиро ба саҳна намегузоранд… Даҳҳо ҳунармандони сатҳи баланд, бекор…
-Худи шумо имрӯз дар чанд спектакл нақш меофаред?
-Ман ҳам қариб, ки бекорам. Дар хориҷа барои актёрҳои сатҳи мо ва синну соли мо махсус асар эҷод мекунанд. Зелдинро бинед, то 101- солагӣ рӯйи саҳна буд. Аммо мо гӯё вуҷуд надорем. Солҳои охир дар намоишномаи «Ганҷи ранҷ»-и ҳамкурсам Тӯрахон Аҳмадхонов, ки ба 55 — солагии гурӯҳамон бахшида шудааст, нақши худамро бозӣ мекунам. Ташаккур ба Нурулло Абдуллоев, ки дар спектакли «Санам ва Ғулом» ба ман нақш дод. Солҳои охир як намоишномаи дигарро ба саҳна гузоштем бо номи «Муҳаббат», ки дар он нақши хурди модарро мебозам, аммо ба дилам бисёр наздик аст… Ин намоишнома 22 маротиба ба аншлаг баромад, ки дар чанд соли охир бесобиқа аст.
-Дар арафаи ҷашни 80-солагиатон тамошобин чӣ интизор шавад? Ҷашнатонро дар кадом сатҳ мегузаронед?
-Ҷашни ман?.. Як масхарабозие шуд, ки билохира мавқуф гузошта шуд.
-Чӣ гуна масхарабозӣ?
-Бигӯед, модар бо кадом умед фарзанд ба воя мерасонад? Ба хотире ки рӯзе дасташро гирад. Ҳамин тавр, ман 57 сол рӯйи саҳнаам, 40 сол дар донишкада дарс додам. Шогирдони зиёде тарбия кардам. Аммо барои ҷашн гирифтани мавлудам сарсону саргардон шудам. Аз моҳи октябри соли 2016 мактуб карда, хоҳиш намудам, ки ҷашни 80 — солагии ман тасдиқ шавад. Ташаккур ба Лутфулло Давлатов, ки дастгирӣ кард, ҳамроҳаш маро назди вазир бурду иҷозат гирифт. Ман аз 50 — солагиам ҷашни мавлудамро мегузаронам ва дар он худам сенария менависам. Имсол гумон кардам, ки шогирдон ба мани 80-сола кумак мекунанд ва ҷашнамро дар сатҳи баланд баргузор менамоянд. Аммо аз фармони Лутфулло Давлатов 4 моҳ гузашту ҳеҷ дараке набуд. Билохира, моҳҳои январу феврал ҳам сипарӣ шуд. Борҳо муроҷиат кардам, ки тамрин кай оғоз мешавад, кадом спектаклро бозӣ мекунем? Аммо ҳама сокит буданду аз ман фирор мекарданд. Билохира моҳи март фаро расиду боз ба назди директор даромадам. Саррежиссёри театр, роҳбари шӯрои бадеӣ ва роҳбари гурӯҳи эҷодӣ даъват шуданд. Ҳуҷраро сукут пахш кард – пауза. Билохира саррежиссёр пурсид:
-Апаи Марям, шумо чӣ мехоҳед?
Ман асабӣ шудам:
-Стоп! Ман ин қадар сол шуморо тарбия карда, ҷашнҳоямро худам, аз пули худам гузаронидам, сенарияро худам навиштам, нақшҳоямро тақсим карда, ба ҷавонҳо додам. Ҳатто вақташ шуд, ки маҷбурам карданд, ки билетҳои шаби эҷодиамро худам бурда фурӯшам, ин корро ҳам кардам… Аммо дар ҷашни 80- солагиам шумо шогирдон фарзандонам ба ман –устодатон-модаратон чӣ омода кардед? Гап занед!
Онҳо ором истоданд, зеро гунаҳкор буданд. Билохира боз ба сари худам ҳавола карданд. Ман як рӯз аз соати 1 то 5 дар пардозхона нишаста, сенарияи ҷашнамро сиёҳнавис кардам. Се модарномаро пора-пора ба ҳам пайваст намудам, ки хеле ҷолиб баромад. Ҳамин тавр навиштаамро ба дасташон додам ва онро ном кардем «Рӯъёи Марям». Март гузашту апрел шуд. Моҳи апрел то 24 фестивали «Парасту», аммо мо боре ҳам тамрин накардем… Субҳи 1 апрел, соати 7,5 телефонам занг зад, ҷавоб додам, ки овози Сайрамҷон: «Марямҷон тез биё, Саодатҷон дигар бо нест!» ва гӯширо гузошт. Ман ҳамон рӯз ба Хуҷанд рафта, ба қарибӣ бозгаштам. Мотами Саодатҷон боис шуду инҳо аз ман халос шуданд ва ҷашнамро мавқуф гузоштем…
-Яъне «Рӯъёи Марям» дар олами рӯъёҳо монд?
-Алҳол ҳамин тавр… аммо ман ният дорам, ки онро дар тирамоҳ ба саҳна гузорем… Медонед, ман бисёр ранҷидаам, зеро садои дили маро намешунаванд… Мо ҳамагӣ чанд тан калонсол мондем, ки рӯйи саҳна ҳастем. Ман, Тӯрахон Аҳмадхонов, Носир Ҳасанов ва Фотима Ғуломова… Эҳтироми мо магар ҳамин қадар душвор аст? Сахт ранҷидаам… Тамоми умр дар ҳеҷ як ҳолат театрро тарк накардаам. Ҳатто вақте ки оппозитсия театрро гирифт, ҳамон рӯз ҳам ман кор омадам… Маошам 2 сомонӣ ҳам буд, устоди саҳнаро аз ман гирифта, маошамро 157 сомонӣ ҳам карданд, аммо театрро напартофтам…
-Дар арафаи ҷашни 80 –солагиатон чӣ орзу доред?
-Ман орзу неву чанд хоҳиш дорам. Пеш аз ҷанги бародаркушӣ Кравченко ном пайкарасози украинӣ пайкараи маро сохт. Вақте ин ҷо нотинҷӣ шуд, ӯ ба ман муроҷиат кард, ки ақаллан бо нисфи нарх пайкараро харидорӣ кунам. Аммо ман пул надоштам. Бинобар ин, ба вазири онвақтаи фарҳанг Тамара Абдушукурова муроҷиат кардам. Аммо ӯ гуфт, ки пул надорем. Ҳамин тавр, он пайкараро Кравченко гирифта, ба Одесса бурд. Хоҳиш мекунам, ки ҳамон пайкара оварда шавад, ҳоло мо зинда, баъди сари мо ин корро касе намекунад. Хоҳиш дорам,ки пайкараи ман оварда шавад. Дувум, мехоҳам «Рӯъёи Марям»-ро ба саҳна гузорам, муқобилият нишон надиҳанду кумакам кунанд, режиссёри нағз диҳанд. Сеюм, бисёр чизҳои осорхонавӣ дорам. Танҳо аз портрет қариб 50 — то. Сарулисбосҳои зиёде аз симоҳои офаридаам, кӯзаҳо ва чизҳои дигар, ки мехоҳам ба Осорхонаи миллӣ супорам…
РУҶӮИ ОХИР: Сӯҳбати мо бо Марям Исоева саросар дард шуд… Албатта, ман ин ҷо қисмате аз онро овардам. Ҳол он ки ҷашни 80-ро дар муҳити хурсандиву шодӣ пешвоз гирифтан мебояд… Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, барандаи даҳҳо ҷоизаву унвон, модари саҳна ва устоди санъати тоҷик, чунин дардҳо дорад ва розҳои дигари ногуфтаву сирҳои нуҳуфта… Аммо мардона, ғаюрона ва ҷасурона ҳамаро пушти сар кардаву бо сари баланд ва бо ғурури хоси Марям қуллаи 80-ро фатҳ кард… Аммо ҳамоно ҷавон, ҳамоно пурҷозиба, ҳамоно зебо, ҳамоно «зани оҳанин»… Намедонам, Марям Исоеваро бо ҷашни мавлуд табрик кунам ё бо марги ҷиянашон сӯгворӣ… Ё аз ҳама вазнин…барои қадр нашуданҳояш ҳамдардӣ…
Одили Нозир,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ