Марям Саидова: тоҷик бояд либоси тоҷикӣ пӯшад
Марям Саидова 60 сол дорад ва ҳамарӯза набераҳояшро дар атрофаш ҷаъ карда… на, сериали туркӣ тамошо карда, чой наменӯшад, балки ба онҳо ҳунар меомӯзад, ҳунари, гулдӯзиву зардӯзӣ, сохтани рафидаву остинча, сабаду гулдон ва ғайра…
Ҳафтаи гузашта сафари Роғун доштем. Албатта, ҳадафи сафарамон вохӯрӣ бо Марям-хола набуд, вале чун тавсифашро шунидем, ба суроғаш рафтем. Ин зани ҳунарманд ва мубаллиғи ҳунарҳои мардумӣ, дар поёни бинои баландошёнаи истиқоматияш моро пешвоз гирифт.
Видеои суҳбати мазкурро аз ютюбканали pressa.tj тамошо кунед.
— Чаро дар ҳавлӣ нею дар бинои баландошёна истиқомат мекунад?
— Ташвишҳои хонаи заминӣ зиёд, хубтараш ин ҷо зиндагӣ кунем.
— Ҳоло ба чӣ корҳо машғулед?
— Барои наврӯзии духтаракон курта духта истодаам. Инро, — ба курати нимдӯзи дасташ ишора карда, — тамом карда 15-тои дигар бояд бидӯзам. Аз ҳоло ба Наврузи 2022 омодагӣ дида истодаам.
— Шумо фақат курта медӯзед?
— Не, ба ҷуз ин, сабад мебофам, дастмолаку сарпӯши чойник медӯзам ва гилемча ҳам мебофам. Ҳамчунин, ҳар гуна сувинир — туҳфаҳо тайёр мекунам.
-Мебинам, ки шогирдони зиёд доред. Барои омӯхтани касб чӣ қадар маблағ мегиред?
— Ман аз касе пул талаб намекунам, тамоман бепул меомӯзонам. Ҳар касе хоҳиш дорад хонаам меояд ва тарзи кор кардани маро дида меомӯзад. Шукр, ки шогирдҳои зиёд дорам ва ҳоло аксарияти онҳо мустақил шуда, аз пушти ин касб нон мехӯранд.
— Маҳсули дасти худро дар куҷо муаррифӣ мекунед?
-Аз ҷавонӣ ин ҳунарҳоро доштам. Аз соли 2015 ба ин кор ҷиддӣ машғул ҳастам. Дар озмунҳо ва намоишҳо ширкат карда, ҳунарҳои мардумии тоҷиконро муариифӣ мекунам.
-Сабадбофӣ ҳам мекунед, маҳсулоти хомро аз куҷо мегиред?
-Дар шаҳри Роғун ва атрофи он чӯби зарбед, ки асосан сабад омода карда мешавад нест. Чӯби маҷнунбеду чарсак барои сабадбофӣ намешавад, зеро тез мешикананд. Чӯби шулас мувофиқ аст, ки он ҳам дар ин наздикиҳо нест. Бинобар ин зарбедро аз Колхози Россия харида меорам.
— Харҷатонро мепӯшонед?
— Баъзан ҳа, баъзан не.
— Аз маҳсули дасти шумо нафарони шинохтаву маъруф ҳам харидорӣ мекунанд?
— Бале, барои мисол ба наздикӣ ансаблҳои рақсии “Зебо” ва “Ҷаҳоноро” аз рӯймолҳои ман харидорӣ карданд.
— Арзиши рӯймолҳо чӣ қадар аст?
— Дӯзандаҳои пойтахт қиммат мефурушанд, аз ман арзон. Барои мисол рӯймоли калон, ки ансамблҳо хариданд, 150 сомонӣ арзиш доштанд.
— Мушоҳида мекунам, ки духтарони мо дар минтақаи дурдаст ҳам ба либосҳои аврупоӣ майл доранд. Чаро чунин аст?
— Бале, афсӯс ки чунин аст. Касе савол намекунад, ки чаро миллатҳои дигар либоси моро намепӯшаду мо ба онҳо пайравӣ мекунем? Бинобар ин ҷавонони мо бояд аз ҳунарҳои аз бибиву бобоҳоямон мерос монда даст накашанд, онро баръакс идома диҳанд, рушд диҳанд. Барои мисол ман ба набераҳоям мегӯям, ки пойтахт равед, илм омӯзед, хизмати халқро кунед, вале либоси миллии худамонро пӯшида ифтихор кунед.
-Ташаккур, ки ҳунари тоҷикиро нигоҳ медоред ва сипос барои суҳбати самимӣ.
-Ба шумо ҳам раҳмат, барои ташрифатон ба хонаи ман. Аз минбари баланди рӯзномаи шумо ба Президенти кишвар, барои эҳё ва пуштибонии ҳунарҳои мардумӣ изҳори сипос менамоям.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ