Марям Шарапова: Аз ҳаёт дилмонда нашудам
Бо Марям Шарапова, модел ва соҳиби Шоҳҷоизаи «Маликаи Москва — 2023» ва «Super Model International — 2023» суҳбати ҷолиб доштем. Достони зиндагии Малика аҷиб аст. Ҳам азоби муҳоҷиратро дидаасту ҳам нобасомониҳои рӯзгорро, ҳоло бошад, яке аз чеҳраҳои муваффақи олами муд ба ҳисоб меравад. Ӯро ҳеҷ мушкил шикаста натавонист ва намунаи беҳтарини қавӣ будани зани тоҷик аст.
— Достони зиндагии шумо мисли ҳикояи боварнокарданист, мехоҳем дар ин мусоҳиба ба таври кӯтоҳ доир ба лаҳзаҳои гуногунаш ба хонандагон қисса кунед.
— Ташаккур барои таваҷҷуҳатон. Албатта, кӯшиш мекунам, ки ба саволҳоятон посух диҳам.
— Солҳои охир шумо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Россия зиндагӣ мекунед. Оё душвор нест дар ду кишвар будан?
— Дар ду кишвар зиндагӣ кардан мушкилиҳои худро дорад. Роҳи дароз, хароҷоти зиёд, ташвишҳои бисёр, вале ин ҳамаро ман ба осонӣ паси сар мекунам, зеро волидонам ва фарзанди ягонаам бароям муҳиманд. Рӯз аз рӯз муҳимияти таълиму тарбияи фарзандам ва аҳамияти нигоҳубини волидонамро зиёдтар дарк мекунам ва мекӯшам, ки зуд-зуд онҳоро хабар гирам ва кори аз дастам омадаро барояшон анҷом диҳам. Фарзанд давоми умри инсон ва волидон ғаниматанд. Аз ин рӯ, оила барои ман бисёр муҳим ва муқаддас аст. Афзалият ва қадру қимати наздиконам масофаи ҳазорҳо километрро дар назари ман ночиз мекунад.
— Шумо дар дунёи муд ва зебоӣ қарор доред. Бигӯед, ки як рӯзи кории модели машҳур чӣ гуна мегузарад?
— Рӯзи модел бисёр рангин ва ҳамзамон пурташвиш сипарӣ мегардад. Модел будан, пеш аз ҳама зебоӣ ва қаду қоматро нигоҳ доштан аст, ки албатта, кори осон нест. Дар умум, рӯзҳои ман бо нӯшидани қаҳва оғоз шуда, бо фотосессия, тамрин, сабт, сафарҳо, ошноӣ бо чеҳраҳои нав ва ғайраҳо мегузаранд.
— Шумо дар наврасӣ мехостед журналист шавед, чаро ба ин орзуятон нарасидед?
— Сабаби журналист нашуданам вазъи оилавӣ буд ва вақте ки имкон пайдо шуд, шавқам ба журналистика кам гардид ва дар соҳаи гумрук таҳсил кардам. Ба орзуи журналист шудан нарасидам, аммо имрӯзҳо бо бисёр журналистони тоҷик ва хориҷӣ ҳамкорӣ мекунам, ки албатта ин ҳам як навъ тасаллиам гаштааст.
— Пас аз ҷудо шудан аз шавҳаратон ба муҳоҷират рафтед ва хеле азоб кашидед. Чӣ гуна он мушкилиҳоро паси сар намудед?
— Бале, як пораи ҳаёти ман дар муҳоҷират бо азобҳои зиёд сипарӣ гардид. Хеле мушкил буд ва шукр, ки бо сарбаландӣ душвориҳоро паси сар кардам.
— Замоне шумо дар Россия ҳатто либоси ғафс надоштед, ки пӯшед, ҳоло он рӯзҳои вазнинро чӣ гуна ба хотир меоред?
— Ин ҳама машаққатҳо имтиҳон буд бароям ва ман аз он гузаштам. Ҳоло ҳам мегузарам, лекин як чизро дарк кардам, ки пушти сабр тилло будааст. Хулоса аз он кардам, ки ҳақиқатан ҳам аз тарбия бисёр чиз вобостагӣ доштааст. Яъне, мушкилиҳо маро ба роҳи бад набурданд, баръакс пурқувваттар карданд. Сардиҳо, гуруснагиҳо, танҳоӣ, корҳои вазнини ҷисмонӣ, фиребу найранг ва хиёнати инсонҳоро пушти сар кардам ва ягон маротиба ношукрӣ накардаам.
— Шунидем, ки дар қаҳвахонае шумо азоби зиёд кашидаед ва марде шуморо аз он ҷо халос кардааст. Он мард кист ва ҳоло дар ҳаётатон ҳаст?
— Ростӣ, ин мавзуъ маро зиёд ғамгин месозад. Муҳоҷират барои ҳама мушкил аст, аммо барои як духтари тоҷик вазнинтар мегузарад. Вақте ки ба Россия рафтам, ду моҳ дар як қаҳвахона кор кардам, аммо он ҷо коргар нею ба мисли ғулом будам. Бисёр ҳолатам бад буд, саломатиамро аз даст додам, аммо илоҷи аз он ҷо баромадан надоштам. Бисёр азоб кашидам. Баъдан, вазъиятамро ба марди мусалмоне, ки гоҳ-гоҳ ба қаҳвахона меомад, нақл кардам. Ӯ маро аз он ҷо наҷот дод ва пешниҳод кард, ки ба Тоҷикистон равонам кунад, аммо ман рад кардам ва дар ин ҳол ӯ бароям ҷойи кори дигар бо шароити хуб муҳайё кард. Бароям кумаки калон кард, медонам, ки аз ӯ қарздорам. Вале дигар он мардро ёфта натавонистам, то ки ҳам миннадорӣ кунам ва ҳам қарзамро диҳам.
— Шумо аз як ноҳияи дурдасти Тоҷикистон, ноҳияи Ашт ҳастед. Чӣ гуна ба майдони бузурги моделӣ дар Россия роҳ ёфтед?
— Фикр мекунам, сабаби якум пурра ба стандартҳои моделӣ ҷавобгӯ буданам аст. Баъдан, ҳадафи муайян ва иродаи қавӣ доштанам нақш бозидааст.
— Шумо ғолиби озмуни «Королева Москвы-2023» ҳастед. Чӣ гуна ба ин ноил гаштед?
-Албатта қомати баланду ҳусни табиӣ дар соҳаи мазкур муҳим аст, вале барои дар байни даҳҳо зебосанам рақобатпазир будан, бояд аз дигар ҷанбаъҳо низ огоҳ бошӣ.
— Солҳои зиёд аст, ки дар Россия бо забони русӣ ҳарф мезанед, аммо забони тоҷикиатон бисёр хуб аст. Чӣ гуна метавонед забони модариро аз ёд набароред?
— Забон омӯхтан ва донистани якчанд забон хеле хуб аст, вале фаромӯш кардани забони модарӣ ин хиёнат ба Ватан аст. Баъзеҳо солҳои дароз дар хориҷа зиндагӣ карда, гӯё забони тоҷикиро фаромӯш кардаанд ё умуман намедонанд. Дар асл аз забони тоҷикӣ шарм мекунанд ва ба фикри онҳо бо забони русӣ ё англисӣ ҳарф задан маънои замонавӣ буданро дорад.
— Шумо яке аз иштирокчиёни барномаи “Бонуи пурҳунар”-и Баҳриддини Сабур ҳастед. Бигӯед, ки чӣ гуна розӣ шудед, зеро дар он шартҳо осон нестанд?
— Ростӣ, дар бораи барномаи мазкур аз мухлисонам хабар ёфтам. Бо хоҳиши зиёди ҳаводорони ҳунарам ва сарпарастии соҳибкоре дар он ширкат варзидам.
— Шумо ягона меҳмони барномаи “Бонуи пурҳунар” ҳастед, ки махсус либосхарӣ рафтед ва барои ровӣ либос интихоб кардед. Ин идея чӣ хел пайдо шуд?
— Интихоби либос фикри худи Баҳриддини Сабур буд. Шояд барои ҷашни Наврӯз мехостанд навигарӣ кунанд ё мехостанд барои меҳмон буданам як ҳадя намоянд.
— Бароятон кор кардан дар ҳавлӣ чӣ душвориҳо дошт?
— Кори ҳавлӣ ягон душвории сахт надошт, ғайр аз ҳезумкашӣ. Бо табари кунд камтар ташвиш доданд ва умуман дастандаркорон мехостанд, ки коре фармоянд, ки ман аз уҳдааш набароям. Шояд ин барои шавқовар шудани барнома бошад, лекин ҳамаи корҳоро то қадри имкон кӯшиш кардам ба анҷом расонам.
— Дар Инстаграм ҳам хеле фаъол ҳастед. Бар замми он, ки ин шабака вақти зиёдатонро мегирад, ба шумо чӣ медиҳад?
— Фикр мекунам, чандон фаъол нестам, аммо мухлисонам бисёр талаб мекунанд, ки фаъол бошам. Медонам, ки Инстаграм вақти зиёд мегирад ва ният дорам бо даст додани имкон барои пешбурди саҳифаам як мутахассисро ҷалб кунам. Албатта, дар баробари вақт гирифтан, ин шабака барои ман дар пешбурди корам кумак мекунад.
— Дар зери аксу наворҳоятон шаҳри бад наменависанд ё онҳоро пок мекунед?
— Ман шахси идеалӣ нестам ва ба ҳама писанд омада наметавонам. Лекин бояд бигӯям, ки аксарият маро гарму самимӣ қабул мекунанд. Аз зери аксу наворҳоям шарҳҳоро тоза намекунам, балки мардум худашон хуб муносибат мекунанд.
— Дар зиндагӣ аз чӣ метарсед?
— Агар гӯям, ки аллакай аз ягон чиз наметарсам, чун ҳамаи дарду аламҳо, ранҷу ситамҳоро пушти сар кардаам, хато мешавад. Инсон намедонад фардо чӣ мешавад ва кадом имтиҳонҳо боз пеши роҳи мо меоянд. Бисёр таҷриба гирифтам аз фиреби ёрон, аз ҳиёнати дӯстон. Вале то ҳол эҳтиёҷ дорам ба ишқу муҳаббат, вафодорӣ. Ман аз ҳаёт дилмонда нашудаам. Инсони пур аз меҳр ҳастам ва ҳаёти ман зиёд рангоранг аст.
— Аз кадом корҳоятон ифтихор доред?
— Ифтихор аз он мекунам, ки аз миллатам аз давлатам ҳамеша ёд кардаам, дар саҳнаҳои калони давлатҳои гуногун бо сари боло ва садои баланд “тоҷикаму аз Тоҷикистонам” гуфтаам.
Таҳияи Меҳрубон
Бознашр аз «Оила»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ