Марямбӣ Саъдуллоева: Падар подшоҳу модар вазир аст

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» муаллимаи собиқадор, сокини маҳаллаи 83-юми пойтахт Марямбӣ Саъдуллоева мебошанд.

Саволи мо ба муаллимаи азиз чунин аст:

Ҷойгоҳи падару модарро имрӯз дар оила чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

— Азбаски асли вуҷуди ҳар инсон аз падару модар аст, дар миёни пайвандони хешутаборӣ ҳеҷ кас ба андозаи падару модар ба инсон наздик нест. Ин ду мавҷуди меҳрубон ба фарзандони худ аз даврони хурдсолӣ то даврони тавонмандӣ ёвару мададгор ҳастанд. Танҳо падару модар ҳастанд, ки ҳама имконоти худро бе риё ба фарзанд пешкаш мекунанд. Дар баробари нақши ҳаётиву арзишманди падару модар дар парваришу рушди фарзанд, лозим аст, ки фарзандон ба қадри ин ду неъмати бебаҳо расанд ва меҳнати онҳоро қадр намоянд.

Падару модар дар тамоми дину мазҳабҳо ва таълимоти тарбиявии дунявӣ ҷойгоҳи вижа доранд ва аз эҳтирому гиромидошти бузург бархўрдор ҳастанд. Ва бо таври пайваста таъкид кардану зикр намудани мақому манзалати волои волидайн инсонҳоро талқин мекунад, ки аз эҳтироми падару модар ва некӣ дар ҳақи онҳо ғофил набошанд.

Ҳар як падару модар дар сохтори оила аз ҷойгоҳи хосе бархӯрдоранд. Онҳо бо таваҷҷуҳ дар мавқеияташон дар муҳити хонавода нақшҳои гуногун ва дар айни ҳол мукаммалро иҷро мекунанд. Дар ҷойҳое ҳузури модар бузургтар ва дар мавридҳое ҳузури падар муассиртар аст. Ба ҳар ҳол онҳо ба таври муштарак низ метавонанд дар муносибатҳои оилавӣ таъсир гузоранд. Дар сохтори як хонаводаи комил, яъне хонаводаи ташкилшуда аз падару модар ва фарзандон, маъмулан падарон ноновари оила ҳастанд ва масъулияти таъмини хароҷоти рўзгор ва ниёзҳои иқтисодии хонавода бар уҳдаи онҳо мебошад.

Агарчи имрўзҳо бар иллати душвории зиндагӣ занон низ дӯш ба дӯши мардон дар пўшонидани бахше аз хароҷоти зиндагӣ саҳм мегиранд, аммо мардон вақти бештареро дар кори ба даст овардани маош сарф мекунанд. Ин амр мумкин аст боиси камаҳамият шудани робита миёни падарон ва фарзандон гардад.

Падар ҳамчун намоди иқтидор дар оила, дар тарбияи равониву ахлоқии фарзандон нақши муҳим дорад. Падар метавонад раҳнамои хубе барои тарбияи равониву ахлоқии фарзандон бошад. Ў метавонад писарро барои ифои нақшҳои мардона тарбия намояд. Писар ба муҳаббати падар ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ бо ў ниёзманд аст. Духтар бошад, тарбияи занона ва омўхтани ҳунарҳои барои худаш маъқулу заруриро аз модар мегирад.

Дар умум, оила ба як давлати хурдакаке шабоҳат дорад, ки дар он падар подшоҳ ва модар бошад, вазир аст. Аз ин рў, нақши ҳарду дар оромӣ ва осоиштагии оила даркор аст.

Суҳбати ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *