Марё аввал рэпро бас кард, баъд ҳаҷ рафт
Марё дар суҳбати охираш, ки дар ютубканали “Барори кор” нашр гардид, ҷоизаи “Баттлери сол-2022”-ро гирифта, ҳамчунин ба хондани рэп нуқта гузошт.
— Бисёр хурсанд ҳастам, ки ҷоизаи “Баттлери сол-2022”-ро гирифтам, вале бовар кунед, ман дигар чунин ҷоизаҳоро гирифтан намехоҳам. Дилам аз ин соҳа мондааст ва дигар намехоҳам дар рэп бошам, зеро аз рэп чизе мехостам, ба даст овардам,- гуфт Марё.
Ҳамчунин, Марё дар мавриди дилмондагӣ аз рэпро чунин баён мекунад:
— Дар рэп ангезаи ман Шон МС буд, вале ӯ дигар дар ин соҳа нест ва фикр мекунам ман ҳам набошам, хубтар аст.
Илова бар ин, масъули ютубканали “Барори кор” дар бораи ташкили “баттл”-и Марё бо Райдер ишора менамояд, вале рэпер рад мекунад. Ёдовар мешавем, ки Марё аз ҷумлаи рэпероне мебошад, ки бо Шон МС наздик буд ва бо ӯ ҳамкориҳои зиёд дошт. Пас аз як рӯзи нашри мусоҳиба Марё дар “сториз”-ҳои Шон МС пайдо шуд ва хабар дод, ки аллакай дар ҳаҷ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ