Марзбонони ӯзбек се нафар қирғизро парронданд
Марзбонони ӯзбек се шаҳрванди Қирғизистонро ҳадафи тир қарор доданд,- хабар медиҳад Хадамоти марзбонии «Хулоса».
— Рӯзи 5-уми май марзбонони ӯзбек алайҳи се шаҳрванди Қирғизистон аз силоҳ истифода карданд, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Ҳодиса дар мавзеи Добо-Қоргони ҳокими деҳаи Актами ноҳияи Ала-Букаи вилояти Ҷалолобод рух додааст. Дар натиҷа А.К., соли таваллудаш 1974, А.Ж., соли таваллудаш 1998 ва А.Ж, соли таваллудаш 2000 ҷароҳат бардошта, ба бемористони ноҳияи Ала-Бука интиқол ёфта, ба ҳуш наомадаанда аз захмҳои тири гирифтааш халок гардид.
Намояндаи марзбонии Қирғизистон дар самти Ала-Бука бо мақсади рӯшан кардани вазъи ҳодиса бо намояндаи марзбонии Ӯзбекистон дар самти Янги-Қӯрғон мулоқот анҷом дод. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар пайи натоиҷи тафтишоти дохилӣ мулоқотро рӯзи 6 май идома диҳанд.
Аз рӯи далели ин ҳодиса мақомоти ҳамкор низ огоҳ карда шуда, чораҳои тафтишотӣ оғоз гардидаанд. Як моҳ қабл, рӯзи 5-уми апрел марзбонони ӯзбек ду қирғизистонро, ки мехостанд ғайриқонунӣ бо аспсаворӣ ба Узбекистон интиқол диҳанд, ҳадафи тир қарор доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ