Баъди имзои созишнома наздики 5 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро гузаштанд
Аз лаҳзаи боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон 4891 нафар онро убур кардаанд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз соати 9:00-и санаи 13 март то соати 9:00-и 17 март, тавассути гузаргоҳҳои марзии «Қайрағоч» 3 755 нафар ва «Қизил-Бел» 659 нафар аз марз гузаштаанд. Бо хатсайрҳои ҳавоӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва баръакс бошад, 477 нафар сафар кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки 13 март президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров Шартномаи марзи давлатии байни ду кишварро имзо карданд. Ин лаҳзаи таърихӣ барои ду давлат дар ҳалли масъалаҳои марзӣ унвон шуд.
Бояд гуфт, ки ба ин созишнома Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан баъди 23 сол расиданд. Маросими имзои созишнома дар доираи сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Бишкек баргузор гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ