Масҷидҳо баста шуданд: Оё Каронавирус ба Тоҷикистон омад?

Субҳи имрӯз дари тамоми масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста гардидаанд.

Тибқи иттилои як манбаи муътамади “Pressa.tj” субҳи имрӯз ҳангоми ба масҷид омадани намозгузорон дари масҷидҳоро баста дидаанд. Ба гуфтаи шоҳидон дари масҷидҳои пойтахт ба хотири пешгири аз “Каронавирус” баста шудаан. Якчанд имомхатибони масҷидҳо низ омили баста шудани дари масҷидҳоро ба хотири пешгири аз ин вирус арзёби кардаанд. Дар ин бора мақомотҳои қудрати то ҳол ҷавоби расми надодаанд. Бояд гуфт, ки қаблан Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон бо ирсоли як барқия аз ширкатҳои ҳавонавардӣ тақозо карда буд, ки аз фурӯхтани чиптаи ҳавопаймо ба шаҳрвандони 35 кишвари дунё даст кашанд. Баъдтар ин ниҳод дар ин дастури худ таҷдиди назар карда, теъдоди кишварҳоро ба панҷ пойин овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *