Масҷиди валангори Ҳазрати Бобо. Чаро дар Суғд ёдгории асри XIII-ро таъмир намекунанд?

Ёдгории таърихӣ-фарҳангии Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, ҳоли табоҳе дорад, ҳол он ки зери ҳар вайрона як осори қадимаи таърихӣ, ҳунарҳои кандакорию меъморӣ ва дастранҷи гузаштагон боқӣ мондааст, ки метавонад аз байн равад…

Манора тармим шуду масҷид не

Ба иттилои сармутахассиси бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Ҷӯразода Набӣ  ёдгории таърихӣ-фарҳангии  Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ ҳанӯз асри XIII қомат афрохта, дар паҳлуи ин мақбара масҷид бунёд мегардад. Бо гузашти солҳо аз газанди барфу борон ин масҷид ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, бахусус қисмати боми он хеле вайрон  шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгирии МИҲД-и вилоят ва шаҳри Хуҷанд фақат мақбараи ин ёдгорӣ, ки ба чашм намоён аст, таъмиру тармим шуд, вале ҳоли масҷид ва дохили он хароб боқӣ монд.

“Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ,  яке аз шахсиятҳои маърифи шаҳри Хуҷанд мебошад. Мувофиқи ривоятҳо эшон устоди Шамси Табрезианд. Ҷалолиддини Балхӣ дар ашъори хеш Шамси Табрезиро васф карда, устоди он кас Ҳазрати бобои Хуҷандиро низ ёдоварӣ кардаанд”-мегӯяд, Набӣ Ҷӯразода.

Сир шав, шир шав

Ҳамсуҳбати мо Набӣ Ҷӯразода дар мавриди Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ нақлҳои ҷолиб мекунад:

Моҳи январи соли 2018  намояндагони ЮНЕСКО  барои шиносоӣ бо ин ёдгорӣ омаданд.  Он вақт дар ин ҷо як оила зиндагӣ ва ин биноро нигоҳубин мекард. Сардори оила Алихон Охунзода ном пирамард моро пешвоз гирифта, ривоятҳои ҷолибро оид ба  Ҳазрати Бобо нақл кард. Пирамард гуфт, ки аз авлоди ҳазрати Бобо буда, бо ҳидояти шаҳрдори Хуҷанд- Ҷалолов ба ин ҳавлӣ омадааст. Ӯ дар бораи Ҳазрати бобо маълумотҳои ҷолиб, ҳикоя ва ривоятҳои марғуб нақл мекард.

ҲИКОЯТ:  Ҳазрати Бобои Камоли Хуҷандӣ ё худ Мирзо Камол гӯё 112 сол умр дида, дар давоми ин умри пурбаракат бисёр корҳои неку амалҳои созанда кардаанд. Он кас тамоми илмҳои замони худро фаро гирифта, яке аз шахсиятҳои пешқадами замони худ будаанд. Обрӯву нуфузашон ҳам хеле баланд будааст.  Вақте Чағатой, писари Чингиз бо лашкари  бузурги муғулҳо ба Хуҷанд ҳамла карда, мардумро зиёд азият медиҳад, мардум ба назди Ҳазрати Бобо омада, талаби кӯмак мекунанд. Он кас бо сухани нарм ва забони ширин Чағатойро бо лашкараш аз шаҳри  Хуҷанд берун кардаанд, мегуфтанд гузаштагон.

Ҳазрати Бобо дар охири асри XI ва аввали асри XII дар ҳамин макон зиндагӣ кардааст. Мақбараи Ҳазрати Бобо дар асри XIII ва масҷиди он дар асри XVIII бунёд ёфтааст. Гӯё аввалин намози ҷамоат дар ин макон  ҳанӯз 850 сол қабл хонда шудааст… 

РИВОЯТ: Дар атрофи номи Ҳазрати Бобо ривоятҳо низ зиёданд, ки аз муҳаббату эҳтироми мардум ба эшон дарак медиҳад. Барои мисол, ривояте ҳаст, ки  850 сол пеш дарёи Сир, ки он вақт Сайҳун ном дошт  хеле шӯх буда, садои баланду ғул-ғулаафкан дошааст. Шайх Муслиҳиддин ба назди Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ омада хоҳиш мекунанд, ки коре кунанд, ки садои дарё паст шавад. Ҳазрат даст бардошта, «Сир шав, шир шав” мегӯянд ва ба таври муъҷизавӣ садои баланди дарё хомӯш мешавад. Ва гӯё баъди ҳамин номи Сайҳунро ба Сирдарё иваз кардаанд. 

Таваҷҷуҳ ба Камоли дигар

Вақте мо вориди ин бинои валангор шудем, дар боқимондаҳои ёдгорӣ, деворҳо, сутунҳо ва болорҳо намунаи ҳунари кандакориву гаҷкорӣ ва хаттотӣ ба назар мерасид. Дар посутум ва болорҳо хаттотони давр байтҳо ва дигар навиштаҷотро бо маҳорати баланд хаттотӣ кардаанд, ки асрҳо боз бегазанд боқӣ мондаанд. Ҳанӯз ҳам имкон ҳаст, ки ин навиштаҷотҳо реставратсия шаванд.

Аҳамияти бузурги таърихию фарҳангии ин ёдгориро ба назар гирифта, тармим кардани бинои масҷид ногузир аст. 

Набӣ Ҷӯразода мегӯяд, ки масъалаи таъмиру тармими ёдгориҳои таърихӣ дар Хуҷанд мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад ва бо навбат иншооти таърихӣ бозсозӣ мешаванд. 

“Дар шаҳри Хуҷанд 60 адад ёдгориҳои таърихӣ вуҷуд дорад, ки дар ҳолати хуб қарор доранд. Дар баробари масҷиду мақбараи Ҳазрати Бобои Камоли Хуҷандӣ боз як қисмати Осорхонаи Эргашбойбача ва осорхонаи Ҳоҷиюсуф Мирфаёзов низ таъмирталаб ҳастанд.”- мегӯяд номбурда.

Ҳамчунин, ба иттилои ҳамсуҳбати мо барои ба номгӯи феҳристи ёдгориҳои таъриии ЮНЕСКО  дохил кардани ёдгориҳои таърихию фарҳангии Шайх Муслиҳаддин,  мақбараи Ҳазрати Бобои Камоли Хуҷандӣ ва Қалъаи Хуҷанд низ як қатор чораҳо андешида шудааст.

Соли равон дар шаҳри Хуҷанд солгарди Камоли Хуҷандӣ таҷлил мешавад, ки дар он меҳмонон аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ташриф меоранд.

Мунсифона нест, ки дар маркази шаҳр мақбара ва масҷиди Камоли дигар – Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ валангор боқӣ монад ва дар фурсати наздик пурра аз миён равад.

Фарзона Муродӣ,

ш. Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *