Масҷидро тарконданд

Рӯзи 24 ноябр бар асари ҳамла ба масҷиди Ал-Равда дар шаҳри Бир-ал-Обид дар нимҷазираи Синайи Миср беш аз 50 нафар кушта ва ҳудуди 75 тан захмӣ шудаанд. Силоҳбадастон бо бомбу силоҳҳои оташфишон ҳангоми намози ҷумъа, вақте ки масҷид пуродам буд, ҳамла кардаанд.

Шоҳидон мегӯянд, афроди мусаллаҳ аз чор мошини «Ҷип” болои намозгузорон дар масҷиди шаҳри Бир-ал-Обид дар минтақаи Ал-Ариши нимҷазираи Синайи Миср ҳамла карданд. Ҳамла дар соати намози ҷумъа ва вақте сурат гирифт, ки масҷиди Бир-ал-Обид пуродам буд. Ба гуфтаи шоҳидон, баробар бо тирпарронӣ дар дохили масҷид бомбро низ мунфаҷир кардаанд.

Хабаргузории давлатии Миср хабар дод, ки бар асари ҳамлаи рӯзи ҷумъаи 24 ноябр дар нимҷазираи Синай дастикам 54 нафар кушта шудаанд. Вазорати тандурустии Миср гуфт, ҳудуди 75 нафари дигар дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд

Ба дунболи ҳамлаи ахир, мақомоти Миср гузаргоҳи марзии тоза бозшуда бо сарзаминҳои фаластиниии навори Ғазаро дигарбора бастанд.

Масъулияти ҳамлаи хунин дар масҷиди Бир-ал-Обидро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Вале нимҷазираи Синай аз замони тавассути табаддулоти низомӣ ба қудрат расидани раисиҷумҳури кунунии Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ дар соли 2013 ба яке аз ҷабҳаҳои асосии набардҳои мусаллаҳона байни артиши Миср ва тундравони исломӣ табдил ёфтааст.

Сисӣ 4 сол пеш раисиҷумҳури мунтахаби Миср Муҳаммад Мисриро, ки намояндаи Ихвонулмуслимин буд, тавассути табаддулоти низомӣ аз мақом барканор ва ҳабс кард. Ба дунбол, фаъолияти Ихвонулмуслимин дар Миср манъ гардида, садҳо тан аз раҳбарон ва тарафдоронаш ба зиндон андохта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *