Масчоҳ: Оғози бунёди толори варзишии «Паҳлавонони Суғд»
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба сохтмони толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» оғоз бахшида шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Ховар» иттилоъ додаанд, толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» барои 400 нафар пешбинӣ гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта ба истифода дода мешавад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳалли бунёди толори варзишӣ бо теъдоди зиёди варзишгарон ва фаъолони шаҳраки Бӯстон суҳбат намуда, иброз дошт, ки дар доираи «130 рӯзи меҳнати зарбдор», ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти варзишӣ ҷараён доранд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо теъдоди варзишгарон бамаротиб хоҳад афзуд.
Ҳамчунин бо иштироки Раиси вилоят дар шаҳраки Бӯстон як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бунёд Исмоилов бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, барои гузаронидани бозиҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шудааст. Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро ҷиҳати фароҳамсозии шароит ва ҷалби ҷавонон ба варзиш шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, ба чанде аз варзишгарон лавозимоти варзишӣ туҳфа кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ