Машқи муштараки низомӣ дар Тоҷикистон (гузориш+аксҳо)

Низомиёни Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон,  дар наздикии марзи Афғонистон машқҳои густардаи низомиро ба анҷом расониданд.

Бино бар иттилои Дидор Саъдуллоев, суратгири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки дар машқгоҳ ҳузур дорад, тибқи нақша низомиён бар зидди ҷангиёне омода шуданд, ки гӯё ғайриқонунӣ марзи Тоҷикистонро убур кардаанду нияти анҷоми амали террористӣ доранд.  Низомиён гурӯҳи шартии ҷиноиро нест карданд.

Дар безараргардонии душмани шартӣ миномётҳои пойгоҳи низомии 201 ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ба кумаки ҳамтоёни тоҷики худ омаданд.

Воҳидҳои се кишвар дар мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, мошинҳои ҷангии пиёданизоми БМП-2, ки аз ҷониби экипажҳои танкҳои Т-72 тақвият дода шуда буданд, душманро шикаст дод.  Ҳадаф аз ин машқҳо амалияи дафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ, таъмини амният ва нигоҳ доштани субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Ҳамчунин, то охири соли равон дар Русия ва Тоҷикистон як қатор машқҳои муштарак дар доираи СААД баргузор хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *