Машқи пагоҳирӯзӣ дар Наврӯзгоҳ

Субҳи 7-уми апрел садҳо нафар сокини хурду калон дар майдони поёни шаршараи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ҷамъ омаданд. Онҳо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар бобати иштирок дар машқҳои пагоҳирӯзии варзишӣ дастгирӣ намуданд ва бо амри дил ҳамраъй шуданд. Қабл аз шурӯъи машқҳо ҳозиринро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  барои дастгирию ҳамраъйӣ табрику таҳният гуфта, варзишро омилу кафили бесобиқаи тандурустии ҷомеа номид. Ӯ хотиррасон шуд, ки соли гузашта бо иқдомоти Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дастгирии молиявии вазорату кумитаҳо, корхонаю ташкилот ва соҳибкорони алоҳида дар пойтахт беш аз 70 майдончаи варзишию бозии кӯдакон ва гулгаштҳо сохта, ба истифода дода шуданд. Соли равон бошад, сохтмони  зиёда аз 90 майдончаи варзишию бозии кӯдакон ва гулгаштҳо бунёд карда мешаванд.

Сипас, ҳама таҳти мусиқии сабук ва навозиши рӯҳангези шаршара, бо  ҳидояти мураббӣ Дилшод Собиров барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ саҳм гирифтанд. Иштирокчиёни чорабинӣ бо рӯҳияи баланд  тарбияи ҷисмонӣ намуда, барои дигарон намунаи ибрат гардиданд.

Э. НАЗАРОВ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *