Машқи якҷояи ҳарбиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба нахустин машқҳои муштараки низомӣ омодагӣ мегиранд. Ин машқҳо, қарор аст, то поёни соли равон дар чанд тамрингоҳи воқеъ дар қаламрави ин ду кишвари ҳамсоя доир шаванд. То кунун артишҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ягон маротиба машқи муштарак анҷом надодаанд. Хабаргузории ТоҷикТА рӯзи 18 апрел бо такя ба як манбааш дар блоки қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон барои нахустин бор дар таърихи худ машқҳои муштараки низомӣ доир мекунанд.
Ба гуфтаи манбаи ТоҷикТА, «нахустин машқҳои муштараки низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон то поёни соли равон доир мешаванд. Дар ҳоли ҳозир намояндагони мақомоти низомии ду кишвар замону макони баргузории ин машқҳо, шумори афсарону аскарон ва техникаи низомиеро, ки дар онҳо бояд ҷалб шаванд, баррасӣ доранд.”
Машқҳои муштарак ғолибан дар чанд тамрингоҳи воқеъ дар қаламрави ин ду кишвари ҳамсоя доир хоҳанд шуд. Дар ҷараёни ин машқҳо аз ҷумла шеваи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалиро тамрин хоҳанд кард.
Ӯзбекистон узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дар гузашта ҳатто узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳам буд, вале дар машқҳои муштараке, ки он ду созмон барпо мекунанд, ширкат надошт. Вазири дифои Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов 11-13 октябри соли 2017 аз Тоҷикистон боздид кард. Ин нахустин сафари вазири дифои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар тамоми тӯли даврони истиқлоли ҳарду кишвар буд.
Ӯзбекистон, ки буҷаи низомиаш ҳудуди 1,4 миллиард доллар гуфта мешавад, мешавад, дар рейтингҳои ҷаҳонии низомӣ аз лиҳози тавонмандии артишаш дар мақоми 48-ум қарор дорад. Артиши Ӯзбекистон қавитарин артиш дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Нирӯҳои мусаллаҳи Узбекистон дар ихтиёри худ 420 тонк, 715 мошини зиреҳпӯш, беш аз 1000 тӯпхона, 109 мушакандоз, 175 ҳавопаймо ва 70 чархбол, аз ҷумла 69 ҳавопаймо ва 35 чархболи ҷангӣ доpанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ