Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Чин дар Бадахшон
Дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлатии гарнизони Хоруғ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ оғоз гардид.
Ин машқҳо тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи баргузории маҷмўи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2019 пешбинӣ гардида, дар 3 марҳила анҷом мешавад.
Дар баробари иштироки сохтору мақомоти давлативу қудратии Тоҷикистон дар ин гарнизон, инчунин дар ин машқҳои муштарак ҷузъу томҳои Артиши Озодихоҳи Чин низ бо техникаву лавозимоти ҳарбӣ дар он ҷалб гардиданд.
Ҳамчунин, дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ дар гарнизони Хоруғ ситоди муштараки идории қўшунҳо ташкил гардида, раисони шаҳру ноҳияҳои ин минтақа захираҳои эҳтиётии даъватшавандагон дар он ҷалб карда шуданд. Ҳамзамон, техникаҳои хоҷагии халқ ва умуман, лавозимоте, ки барои чорабинии муҳими низомӣ заруранд, истифода мегарданд.
Дар ин машқҳо дар баробари ҷалби ҳайати шахсии ин гарнизон, инчунин тамоми размгоҳҳои ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба майдони шартии ноҳияи Шуғнон машқҳои муштараки баталони тактикӣ доир карда мешаванд, ки дар он техникаҳои вазнини зиреҳпўши ҷангию артиллерӣ, чархболҳои ҳарбии МИ-8 ва МИ- 24, техникаҳои гуногуни автомобилӣ ва дигар силоҳу муҳимоти мухталифи ҷангӣ истифода мегарданд.
Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти пешбинишуда аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора гардида, он таҳти назорати вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо сурат мегирад.
Ҳадафи баргузории ин чорабинии муштараки низомӣ дар гарнизони Хоруғ ин сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии равонӣ, қобилияти ҷангию ҷисмонӣ ва сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кўҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.
Марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии ҷузъу томҳои Тоҷикистону Чин бо тирпарронии ҷангӣ рўзи 14-уми августи соли 2019 дар машқгоҳи ҳарбии Ҷелондии ҳудуди ноҳияи Шуғнон, ки дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, бо истифодаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ љамъбаст ва натиҷагирӣ хоҳад шуд.
Ориф НОЗИМИЁН, сардори Маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковник
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ