Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Дар моҳи ҷорӣ дар майдони набард ё полигони вилояти Намангони Ӯзбекистон машқҳои муштараки низомии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, ҳадафи ин машқҳо, ки “Марказ-2019” ном дорад, муқовимат ба зарбаҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ маҳсуб мешавад.
Бар асоси маълумоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, дар марҳилаи аввали машқҳо дар полигони Ғурумсаройи вилояти Намангон масъалаи таъмини амнияту субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ хоҳад шуд.
Аз ҷумла, низомиёни ин ду кишвар ҳамлаи гурӯҳҳои террористиро дар замина ва аз ҳаво хунсо карда, корҳои ҷустуҷӯию разведкаро анҷом медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ