Машқҳои якҷояи ҳарбӣ дар Ишкошим

Машқи  муштарак ва зиддитеррористии нерӯҳои Тоҷикистону Чин рӯзи 20 октябр дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон шурӯъ шуда, чаҳор рӯз идома хоҳанд кард.

 Масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки машқи зиддитеррористӣ дар ҳудуди тамрингоҳи Шитарв баргузор мешавад. Мақомоти ҳукумати Бадахшон низ бо баргузории ҷаласае гуфтанд, ин машқ бар асоси нақшаи тасдиқшуда аз тарафи Президенти  Тоҷикистон сурат мегирад ва ҳадафаш таҳкими марз бо Бадахшони Афғонистон аст, ки тайи ду соли охир ба минтақаи ноамн ва маҳалли ҷангҷӯён табдил шудааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1300 километр хатти марз дорад, ҳамеша аз ноамниҳои ин кишвари ҳамсоя нигарон аст. Дар як соли охир вазъ дар шимоли Афғонистон ноамн шуда, чандин минтақа зери назорати ҷангиёни мухолифи давлат, аз ҷумла Толибон, гузаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки марз бо Афғонистон таҳти назорати шадид аст ва дар сурати хатарҳои эҳтимолӣ, нерӯҳои ин кишвар омода ҳастанд, бо душман муқовимат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *