Машваратҳои тибби оилавӣ
Чаро зан аз ҳамхобагӣ мегурезад?
Мубошират яке аз машғулиятҳои гуворо барои марду зан ба ҳисоб меравад, вале баъзе бонувон шикоят мекунанд, ки ҳангоми ҷимоъ азоб мекашанд. Чаро ишқварзӣ ба ҷойи эҳсоси шодмонӣ бахшидан ҷисми занро ба дард меорад? Биёед сабабҳои ин ҳолатро дида мебароем.
Хушкии пардаҳои луобии узвҳои ҷинсии зан
Аксарият бар он андешаанд, ки дард ҳангоми ҷимоъ (диспареуния) бо сабаби номувофиқии андозаи узвҳои ҷинсии марду зан ё сохти нодурусти узвҳои ҷинсии зан ба вуҷуд меояд, вале иллат дар ин нест. Бо сабаби хушкшавии пардаҳои луобии маҳбал дар пардаҳои луобӣ тарқишу варам пайдо шуда, боиси пайдо шудани дард ҳангоми ҷимоъ мегардад. Дар натиҷа зан аз ҳамхобагӣ гурезон мешавад. Норасоии тарашшуҳоти нармкунанда бо сабаби бетаҷрибагӣ ё бепарвоии мард, ки рағбати занро бедор накарда ба мубошират оғоз менамояд, пайдо мешавад. Дар бонувони миёнасол хушкшавии пардаҳои луобии узвҳои ҷинсӣ бар асари норасоии эстрогенҳо ва маълулшавии мушакҳо ба вуҷуд меояд.
Чӣ бояд кард?
Агар шумо бо шавҳаратон ҷангӣ бошед, ғайри хоҳиши худ бо мубошират машғул нашавед. Аз мардатон хоҳиш намоед, ки бештар шуморо навозиш кунад ё аз лубрикантҳо (равғанҳои маҳрамона) истифода баред.
Систити посткоиталӣ
Агар шумо гирифтори бемории систити музмин бошед, баъди 2 соати муносибати маҳрамона дар мавзеи шикам дардро эҳсос карда, ҳангоми пешоб сӯзиш ва халазаниро ҳис мекунед.
Чӣ бояд кард?
Албатта ба назди табиби гинеколог ё уролог рафта, аз ташхис гузаред. Сабаби илтиҳоби пешобдон инфексияҳои таносул, микроби чӯбчашакл, стафилококк, стрептококк буда метавонад. Баъди аниқ гаштани натиҷаи ташхис табиб ба шумо дорувориҳои антибиотик мефармояд. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Систити куҳнашуда касро ба бемории пиелонефрит гирифтор месозад.
Агар рӯда бемор бошад
Бемориҳои рӯда низ боиси пайдо шудани дард дар мавзеи узвҳои ҳамсоя ва увзҳои ҷинсӣ мегарданд. Иллат дар рӯда бошад, дарди шикам якҷоя бо қабзият ва дарунравӣ зуҳур менамояд.
Чӣ бояд кард?
Барои дарди шикам дорувории таскинбахш ва ҳангоми дамиш доруи бодбарор, ҳангоми дарунрав дорувории тақвиятбахш ва барои қабзият давои заифкунанда ва инчунин давоҳои зидди стрессиро истеъмол кардан лозим аст.
Шахшавии раги варид
Дарде ки бар асари шахшавии раги варид пайдо мешавад, на танҳо бо сабаби дурудароз худдорӣ намудан аз ҷимоъ, балки аз зиёд дар як ҷой нишастан низ пайдо мешавад. Хун дар узвҳои устухонҳои кос шах шуда, аввал сихзанӣ пайдо мешавад, баъд дард якбора зиёд мегардад. Дард новобаста аз мубошират низ пайдо шуда, боиси безурриётӣ ва бемориҳои узвҳои асосӣ: гурда, роҳҳои пешобдон, рӯдаи ғафс мегардад.
Чӣ бояд кард?
Аз ташхиси духтур гузашта, бештар ҳаракат кардан лозим аст. Бонувоне ки дорувориҳои зидди ҳомиладорӣ истеъмол мекунанд, бояд аз он даст кашанд.
Пайдоиши дард баъди таваллуди фарзанд
Аксаран бонувоне, ки баъди таваллуди фарзанд дар мавзеи узвҳои ҷинсӣ ҷароҳат бардоштаанд, баъди мубошират аз пайдо шудани дард шикоят мекунанд. Занҳои бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар фарзанд ба дунё оварда ва модарони тифли ширмак дошта низ аз дард азият мекашанд.
Чӣ бояд кард?
Аслан чунин ҳолати зан баъди 6-12 моҳ рафъ мегардад, барои ҳамин шавҳар бояд интизор шавад. Ба ҳар ҳол барои фаҳмидани сабаби дард ҳатман назди духтури занона равед.
Вулвовагинит
Сабабгори пайдоиши ин беморӣ микробу замбӯруғҳо ҳастанд. Баъзан на танҳо инфексияҳои узвҳои таносул, балки бемории замбӯруғӣ ва вагинози бактеривӣ низ сабаб шуда метавонад. Дард ҳангоми вулвовагинит дар мавзеи худи маҳбал пайдо мешавад.
Чӣ бояд кард?
Сари вақт бемориҳои илтиҳобиро табобат карда, ба реша давонданашон роҳ надиҳед. Даст ба худтабобаткунӣ задан манъ аст! Масунияти худро бақувват сохта, бо варзиш машғул шаведу хӯроки дуруст ва сервитамин истеъмол намоед.
Бемориҳои гинекологӣ
Агар зан гирифтори бемориҳои эндометриоз ва илтиҳоқи (спайк) узвҳои устухони кос бошад, дарди ҷонкоҳ ҳангоми мубошират ва ҳангоми ҳайз пайдо мешавад. Ҳангоми миомаи бачадон дар баробари дарди сахти шикам дар вақти ҷимоъ боз хунравии аз меъёр зиёд дар вақти ҳайз дида мешавад.
Чӣ бояд кард?
Ба назди табиби гинеколог рафта, УЗИ кунед.
Барои он ки мубошират дарднок набошад
- Қоидаҳои тозагиро риоя намоед: қабл аз муносибати маҳрамона оббозӣ карда, баъди он ҳатман пешоб кунед.
Либоси таҳпӯши пахтагин пӯшида, оби тоза нӯшед. (чой нанӯшед) Хӯроки шӯр ва машрубот манъ аст.
- Ҳомиладориро пешгирӣ намуда, аз исқоти ҳамл ва ҷарроҳӣ худдорӣ намоед. Хунук нахӯред.
- Соле ду маротиба ба назди гинеколог равед.
- Таваллуд кунеду ба фарзандатон шири сина диҳед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ