Машварати ҳуқуқӣ: Аҳдномаи никоҳ барои кӣ ҳатмӣ аст?
Бастани аҳдномаи никоҳ байни киҳо ҳатмӣ мебошад?
ШЕРОЗ, шаҳри Ҳисор
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад ва аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқ гардида, ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
— муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
— уҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
— бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон; — нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ