Машварати ҳуқуқӣ: Алимент бо роҳи созиш пардохт мешавад?
Оё ҳамсарон ҳангоми ҷудошавӣ метавонанд масъалаи пардохти алиментро бо роҳи созиш ҳал намоянд?
САЙЁРА, шаҳри Ҳисор
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба ҳамсарон имконияти ҳуқуқӣ додааст, ки ҳангоми талоқ масъалаи пардохти алиментро бо роҳи созиш, яъне бо бастани созишнома дар хусуси пардохти алимент ҳал намоянд.
Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент — дар байни намояндагони қонунии онҳо баста мешавад.
Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.
Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ бо мувофиқаи тарафҳо тағйир дода ё бекор шуда метавонад. Тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ