Машварати ҳуқуқӣ: Баҳси алиментро кадом мақомот ҳал мекунад?
Дар сурати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба алимент, ба кадом мақомоти давлатӣ муроҷиат намудан мумкин аст? Оё бо даъвои алимент муроҷиат намудан ягон муҳлат муқаррар гардидааст ё не?
МАЛОҲАТ, шаҳри Бўстон
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Мувофиқи қонун, дар ҳолати миёни ҳамсарон ба вуҷуд омадани баҳс, чунин баҳсҳоро суд баррасӣ менамояд. Бо ҳамин асос, яке аз ҳамсарон ҳуқуқ дорад, ки ба суд бо аризаи даъвогӣ оид ба рўёнидани алимент муроҷиат намояд. Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз муҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад.
Алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди муҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кўшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ