Машварати ҳуқуқӣ: Барои фарзандхондӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Барои ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдак кадом ҳуҷҷатҳоро ба аризае, ки ба суд пешниҳод карда мешавад, замима намудан зарур аст?
СИЁВУШ, шаҳри Ваҳдат
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
-Мувофиқи талаботи қонун,фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.
Ба ариза оид ба фарзандхондии кўдак бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима шаванд:
— нусхаи шиносномаи шахси (шахсони) ба фарзандӣ қабулкунанда;
— нусхаи шаҳодатномаи никоҳи шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) — ҳангоми фарзандхондии кўдак аз ҷониби шахсоне (шахсе), ки ақди никоҳ доранд;
— ҳангоми фарзандхондии кўдак аз ҷониби як ҳамсар — розигии хаттии ҳамсари дигар. Дар сурати ҷой доштани ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии ҳамсари дигар талаб карда намешавад, дар ариза маълумоти мазкур қайд шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ замима карда мешаванд; — хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатии шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар ду нусха пешниҳод карда мешаванд).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ