Машварати ҳуқуқӣ: Бо 4 фарзанд ба ҳавлии хусурам ҳақ дорам?

Шавҳарам дар синни 40-солагӣ ба Маскав рафту мо бо чор фарзанд дар Тоҷикистон мондем. Баъди панҷ сол ҷасадашро оварданду гӯручӯб кардем. Аз миён 8 моҳ гузашт, бародарони шавҳарам мехоҳанд маро аз хонаи падариашон берун кунанду хонаи якҳуҷрагӣ харида диҳанд. Вале якҳуҷрагӣ барои ман майдагӣ мекунад. Метавонам ба пешниҳоди онҳо розӣ нашаваму аз ҳавлии хусурам ҳақамро талаб кунам?

Р. Х.

— Мувофиқи талаботи моддаи 24-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумо дар манзили истиқоматии падари шавҳаратон ҳуқуқи маскун шуданро доред.

Аз манзили истиқоматии падари шавҳаратон ҳуқуқи талаб кардани ҳақи муайянро надоред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *