Машварати ҳуқуқӣ: Бонк бо ҳуҷҷатҳое, ки шахсияташон нест, қарз медиҳад?
Ба телефонам аз Русия як мард занг заду гуфт, ки “мо дар як ташкилот кор мекунем ва ба шахсоне, ки ба кумак ниёз доранд, кумак мекунем. Бо як соҳибкор дар Тоҷикистон шарномаи корӣ дорему ба касе хона лозим бошад, аз хазинаи хайриявиамон ба онҳо пул ҷудо мекунем”. Хулоса, ба бовариам даромаду ҳамаи ҳуҷҷатҳои гуфтаашонро тариқи “Вотсап” равон кардам. Вале дар охир ҳуҷҷати камбизоатӣ талаб карданд, ки ман надоштам. Онҳо низ ба ин ҳуҷҷат сахт часпиданд. Натавонистам онро гирам. Баъд аз пурсуков фаҳмидам, ки ин нафарон метавонистаанд бо ҳуҷҷатҳои ман аз бонк қарз гиранд. Мегуфтед, ки оё аз назари ҳуқуқӣ чунин кор имконпазир аст, яъне бонк ба ҳуҷҷатҳое, ки шахсияташон нест, қарз медиҳад?
Ш. Б., маъюб
— Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи қарз, ки маблағи он аз 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст (1280 сомонӣ дар соли 2022 (як нишондиҳанда баробар ба 64 сомонӣ) ва шартномаи кредит ба таври хаттӣ баста мешавад (моддаҳои 828 ва 840-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Тибқи қонунгузорӣ ҳама гуна аҳдҳо бояд бевосита аз ҷониби шахс ё намояндаи қонунӣ ва ё ваколатдори ӯ баста шаванд. Аз ин лиҳоз, бе иҷозати шумо касе ҳуқуқ надорад аз номатон қарз гирад.
Дар сурати пеш омадани мушкилӣ шумо бо асосҳои болозикр метавонед ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоед.
Эзоҳ: Ҷавобҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонида шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ