Машварати ҳуқуқӣ: Дар идора хӯрок хӯрдан манъ аст?
Маошам барои хӯроки нисфирӯзӣ намерасад. Чанд маротиба хостам, ки бо худам аз хона хӯрок биёрам. Аммо маъмурияти корхона гуфт, ки ин кор иҷозат нест ва бояд дар берун аз идора хӯрок хӯред. Оё ин амали корхона ҳуқуқпоймолкунии коргар нест?
Ш. Б.
— Мувофиқи талаботи моддаи 83-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми рўзи (басти) корӣ ба кормандон бояд барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ танаффус дода шавад. Давомнокии мушаххаси ин танаффусҳо дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали кори бастҳо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар мегардад. Танаффус бояд на дертар аз чор соат баъд аз оғози кор дода шавад.
Кодекси мазкур дар ин ҳолат ҷойи хўрокхўриро муайян накардааст. Ин масъала мумкин аст дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ