Машварати ҳуқуқӣ: Фарзандхондӣ дар кадом ҳолат бекор мешавад?

Тибқи кадом асосҳо фарзандхондии кӯдак аз ҷониби суд бекор карда мешавад?

ВАЛӢ, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Инояи Иноятов:

— Мувофиқи моддаи 145-и Кодекси оила, фарзандхондии кӯдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:

— ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуҷҷатҳои қалбакӣ асос ёфта бошад;

— фарзандхондӣ қалбакӣ бошад;

— шахси ба балоғат расида ба фарзандхондӣ қабул шуда бошад;

— фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ӯро ғайри қобили амал ё қобили амалаш маҳдуд эътироф карда бошад;

— шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шуда бошад;

— шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз уҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд;

— фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад;

— шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модариро амалӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *