Машварати ҳуқуқӣ: Кӯдакони ман ба мероси падарашон ҳақ надоранд?

Чанд сол қабл қаҳр карда, ба хонаи волидонам баргаштам. Падару модарам ману се фарзандамро хуб нигоҳубин мекарданд, аз чизе камбудӣ надоштем. Шавҳарам баъзан ба аёдати фарзандонаш меомад, вале бо сабаби гирифтори бемории табобатнашаванда буданаш зиндагиро бо ин мард давом додан нахостам. Баъди чанде шавҳарам аз олам гузашт. Додару акаҳоям соҳиби зану фарзанд шуданд ва акнун хонаи падарӣ барои мо тангӣ мекунад. Чанд бор аз хусуру хушдоманам хоҳиш кардам, ки барои фарзандонам ягон сарпаноҳ ҷудо карда диҳанд, вале онҳо маро аз дарашон ронданд. Магар кӯдакони ман ба мероси падарашон ҳақ надоранд?

З., шаҳри Ҳисор

— Агар ба номи марҳум шавҳаратон манзили истиқоматӣ мавҷуд бошад, шумо ва фарзандонатон тибқи талаботи моддаи 1166-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳи навбати аввали ворисони қонунӣ дохил мешавед ва метавонед тибқи талаботи моддаи 1174-и кодекси мазкур ба идораи нотариалии маҳали кушодани мерос оид ба қабул кардани ҳиссаи меросӣ муроҷиат намоед.  Агар манзили истиқоматӣ ба номи хусур ё хушдоманатон бошад, шумо метавонед тибқи талаботи моддаҳои 121-122-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи даъвогӣ дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан дар манзили истиқоматӣ ба суд муроҷиат намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *