Машварати ҳуқуқӣ: Киҳо ҳуқуқи бекор кардани фарзандхондиро доранд?

Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи талаб намудани бекор кардани фарзандхондии кӯдакро доранд?

МИРЗО, шаҳри Панҷакент

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи қонун,ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кӯдакро падару модари ҳақиқии кӯдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кӯдакони фарзандхондшуда, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, мақoми васояту парасторӣ, инчунин прокурор доро мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми ғайриқонунӣ будани фарзандхондии кӯдак, чунин фарзандхондӣ тибқи даъвои шахсони манфиатдор аз ҷониби суд бекор карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *